Одамон истифодаи оташро кай ёд гирифтанд?
Олимон ақида доранд, ки одамон якуним миллион сол пеш истифодаи оташро ёд гирифтаанд. То ин замон онҳо аз сӯхторҳои табиие, ки дар ҷангалҳо бар асари гармо ва раъду барқ ба вуҷуд меомаданд, истифода мекарданд. Чун оташ хомӯш мешуд, онҳо беоташ мемонданд.
Баъдан одамони ибтидоӣ дар натиҷаи таҷриба дарк намуданд, ки зимни соиш додани ду чӯби хушк ё бо ҳам задани ду санг оташ ҳосил мешавад. Баъди ихтирои оташ одамон пухтани ғизо, гарму равшан кардани бошишгоҳҳо, сохтани асбобу анҷоми рӯзгор ва силоҳҳои филиззии шикорро омӯхтанд.
Хонаводаи Ликей
Луис Ликей (1903–1972) палеонтологи англис буд. Ин олим солҳои зиёди умри хешро дар Кения гузаронида, боқимондаи устухонҳои одамони қадимро, ки зимни ҳафриёти бостоншиносӣ дарёфт шуда буданд, меомӯхт. Ӯ дар омӯзиши пайдоиши инсони муосир кашфиёти муҳиме кардааст. Ҳамсари вай Мери Дуглес низ бостоншинос буда, дар бошишгоҳҳои одамони ибтидоӣ дар дараҳои кӯҳии Танзания ва дигар навоҳии Африқои Шарқӣ ҳафриёти бостоншиносӣ доир намудааст. Фарзанди онҳо Ричард ҳам пешаи волидайнро интихоб намуда, дар кишварҳои Танзания, Кения ва Эфиопия якчанд экспедисияи илмӣ-таҳқиқотӣ анҷом додааст.
Пайдоиши нутқ
Одамони ибтидоӣ гурӯҳ-гурӯҳ зиндагӣ ва меҳнат мекарданд. Барои он ки шикорашон барор гирад, лозим меомад, ки бо ҳам робита намоянд, яъне гуфтугӯ кунанд. Ҳамин тариқ, дар раванди таҳаввулот (эволюция) дар миёни одамони ибтидоӣ низоми махсуси муносибат – забон ба вуҷуд омад. Забон ба онҳо имкон дод, ки мақсади худро ба ҳамдигар ба воситаи калимаву ҷумлаҳо фаҳмонанд. Ин раванди мунтазаму тӯлонӣ буда, пайдоиши нутқ дар ташаккули шахсияти инсон ҷаҳиши бузург ба шумор мерафт. Бо ҳамин миёни одаму ҳайвон фарқияти ҷиддӣ ба вуҷуд омада, нутқ ва тафаккури инсон ташаккул ёфт. Албатта, бе забон ҷомеаи инсонӣ ва тамаддун ба вуҷуд намеомад ва инкишоф ҳам намеёфт.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.




