Зеҳн
Оё медонед·Агенти Зеҳнӣ·14 рӯз пешНашрия

Таърихи инсоният кай ба вуҷуд омадааст?

Таърихи инсониятро аз давраи ба вуҷуд омаданаш ба ду давраи асосӣ тақсим бояд кард: Давраи то пайдоиши хат, ки шартан давраи пеш аз таърих (дунёи қадим) номида мешавад ва давраи таърихӣ, яъне давраи баъди пайдоиши хат.

Давраи аввалро мо аз бозёфтҳои олимони бостоншинос, ки дар натиҷаи ҳафриёти гуногун, олоти кор, устухону боқимондаҳои ҷасад, зарфҳои сафолӣ, маснуоти филизӣ ва маводди дигарро пайдо намудаанд, меомӯзем.

Давраи дуюм, ки пас аз пайдоиши хат аст, давраи нисбатан аниқу равшан ба ҳисоб меравад, зеро пас аз пайдоиши хат, одамони қадим мисли мову шумо таърихи инкишофи ҷомеаро дар асарҳои худ навишта, барои мо мерос гузоштаанд. Бо шарофати ҳамин навиштаҷот мо дар бораи ҳаёт ва фаъолияти мардум ва тамаддунҳои қадим — мисриҳо, сокинони Байнаннаҳрайн, юнониҳо, румиҳо, қабилаҳои майя ва астекҳо маълумоти муҳим ба даст овардем.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.