Санъат кай ба вуҷуд омад?
Аввалин осори санъат 30 000 сол пеш ба вуҷуд омадаанд. Онҳоро «одамони боақл» (Ҳомо сапиенс) эҷод кардаанд, ки баъзе намунаҳояшон то замони мо расидаанд. Онҳо расми ҳайвоноти гуногун, аз қабили говҳои ёбоӣ, оҳу ва ғайра буданд, ки дар шаху тахтасангҳои кӯҳ, девори ғорҳо кашида шудаанд. Расмҳои девори ғорҳо дар Африқо, Амрико, Аврупову Осиё дарёфт шудаанд.
Ғорҳои машҳуре, ки дар онҳо деворнигораҳову расмҳо ёфт шудаанд инҳо мебошанд: Алтамира дар Испания, Рио Пинтурас дар Аргентина, Пеш Мерл дар Фаронса, Тсолина дар Ботсвана, Тассил Н’ Адҷор дар Алҷазоир. Доир ба аҳамияту мазмуни ин расмҳо баъзеҳо андеша доранд, ки аксари тасвироту манзараҳо ба илми сеҳр вобастагӣ дошта, шикорчиҳо онҳоро барои шикорашон офаридаанд. Дигар муҳаққиқон бар он назаранд, ки ин расмҳоро одамони қадим маҳз барои ороиш ва зинат бахшидани бошишгоҳҳояшон кашидаанд.
Австралопитек – ин истилоҳ лотинӣ буда, маънояш «маймуни ҷанубӣ» мебошад. Ин намуд аз зумраи маймунҳои одамшакл аст.
Бостоншинос (археолог) – олиме, ки ба омӯзиши ашёи офаридаи одамони қадим машғул мебошад, ки ҳангоми ҳафриёти бостоншиносӣ ёфт шудаанд.
Палеонтолог – олиме, ки ба омӯзиши боқимондаҳои мавҷудоти зинда, на танҳо одам ва аҷдоди ӯ, балки ҳайвонот ва рустаниҳои давраҳои қадимтарини таърихӣ, аз ҷумла динозаврҳо машғул аст.
Эволюция – ин истилоҳ маънои «инкишоф»-ро дорад. Мувофиқи назарияи эволюция мавҷудоти зиндаи муосир аз намудҳои дигаре пайдо шудаанд, ки то пайдоиши онҳо зистаанд.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.




