Оё шаробу тамоку ба саломатӣ зарар доранд?
Тамоку дар таркибаш никотин ва қатрон дорад. Никотин ба организми инсон зарари гуногуну ҷиддӣ мерасонад: нафаскашию тапиши дилро метезонад, иштиҳоро мебандад, гардиши хунро душвор менамояд ва ғайра. Қатрон луобпардаҳои роҳҳои нафасро ифлос намуда, ба шушу хун меафтад. Ин ба саломатии одам хатар дорад, зеро унсурҳои харобкор низоми мубодилаи ҳуҷайраҳоро вайрон намуда, ҳатто ба касалии саратон оварда мерасонанд. Вақте инсон машруботи спиртӣ менӯшад, алкоҳул тариқи узвҳои ҳозима ба хун ворид шуда, ба тамоми организм паҳн мегардад. Агар инсон шаробро зуд-зуд истеъмол намояд, ҷигар аз уҳдаи пок кардани вай намебарояд ва гирифтори иллат мешавад. Ғайр аз ин одам ба шаробу тамоку одат карда, аз ҷиҳати ҷисмонию равонӣ ба он вобастагӣ пайдо мекунад. Ин чунин маъно дорад, ки инсон бе ёрии дору ва духтурон дигар аз шаробу тамоку даст кашида наметавонад.
Николай Иванович Пирогов (1810–1881) ҷарроҳ ва педагоги маъруфи рус аст. Вай дар Донишгоҳи Санкт-Петербург аз фанни анатомия дарс мегуфт ва дар омӯзиши фанни мазкур саҳми арзанда гузоштааст. Ӯ роҳҳои табобат ва усулҳои ҷарроҳӣ намудани ярадоронро ҳангоми амалиёти ҷангӣ дар шароити саҳро кор карда баромад. Шикастабандӣ (гипс)-ро маҳз Пирогов кашф намудааст.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.




