Одамони қадим чӣ гуна либос мепӯшиданд?
Бо шарофати заминдорию чорвопарварӣ ашёе мисли пашм, пӯст, зағир ва пахта пайдо шуданд, ки аз онҳо либос омода мекарданд. Одамон дастгоҳи бофандагиро ихтироъ карданд, ки ба воситаи он аз нахи табиӣ ришта метофтанд. Нахустин матоъҳои аз зағирпоя ва пашму пӯст ҳосилшуда хеле дурушту ғафс буданд.
Азбаски нахустин заминдорон асосан дар минтақаҳои гарм мезистанд, барои онҳо либоси зиёд лозим набуд. Занҳо нимтанаи остинкӯтоҳи дароз пӯшида, мардҳо аз миён поёнашонро бо матои гуногун мепечонданд. Мардону занон худро бо гӯшвору дастпонаву муҳра ва дигар зевароти аз донагиҳо, устухонҳо, сангҳо, лавҳаҳои мисӣ сохташуда оро медоданд. Одамони ибтидоӣ зебу зинат додани рӯю баданашонро дӯст медоштанд ва баъзеашон ҳатто сару баданашонро ранг ва холкубӣ мекарданд.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.




