Аввалин сокинони деҳ чӣ тавр зиндагӣ мекарданд?
Вақте ки одамон аз ҳаёти кӯчӣ даст кашида муқимӣ шуданд, дар бошишгоҳҳои доимӣ шумораашон афзуда, ба садҳо нафар расид, ки ҳама хешу ақрабо буданд. Ҳамин тариқ, дар ҷамъият қабилаҳо ташкил шуданд. Оилаи ҷудогона ва ё хонадонҳо иборат аз падару модар ва фарзанду наберагони як авлод буданд. Баъд якчанд оилаи бо ҳам хеш ё авлод якҷоя шуда, қавмро ва якчанд қавм якҷоя шуда, қабилаҳоро ташкил карданд, ки дар деҳаҳо зиндагӣ мекарданд.
Оҳиста-оҳиста дар ҳар як қабила гурӯҳи роҳбарикунанда – нигаҳбонони калонсоли деҳ (деҳгонон) ба вуҷуд омаданд, ки сарвари ин ё он қабила ба шумор мерафтанд. Ҳамин тариқ, иттиҳоди сокинони деҳа ба вуҷуд омад, ки онҳо молу амвол, замину чарогоҳ ва чорпоёни муштарак доштанд. Аз якҷоя шудани чанд деҳу деҳкада шаҳракҳо ва шӯрои деҳгонон падид омада, маҷмӯи ақидаву динҳои гуногун пайдо шуданд. Дар натиҷа машғулияти гуногун, фарқияти сохти идора, муҳит ва тарзи зиндагӣ шакли ибтидоии дини қабилаҳоро ба миён овард.
Доираи фаъолияти қабилаҳо дар ҷамъияти деҳқонӣ густариш ёфта, тарзи ташкили меҳнатро тағйир дод. Акнун мебоист барои инкишофи корҳои заминдорӣ асбобу дастгоҳҳои гуногун месохтанд, анборҳои захираи ғаллаву меваҷот бино мекарданд, деҳаро аз кӯчманчиёну ғоратгарон муҳофизат менамуданд, ки ин боиси рушди кишоварзӣ ва тараққиёти ҷомеа мегардид.
Аввалин бор зироаткорӣ дар Шарқи Наздик тақрибан 10 000 сол қабл пайдо шудааст. Барои ин боду ҳавои ин минтақа хеле мусоид буд. Зироаткорӣ бо сустӣ инкишоф меёфт, зеро ба одамон зарур буд, ки чӣ гуна афзоиш ёфтани рустаниҳоро омӯзанд, чӣ тавр шинондану пошидани тухмиро аз худ кунанд. Танҳо пас аз омӯхтани роҳҳои коркарди замин ва сохтани асбобу олоти зарурӣ зироаткорӣ пеш рафт.
Дар натиҷа тарзи ҳаёти деҳқонон ба куллӣ тағйир ёфт. Онҳо аз шакли ҳаёти кӯчманчигӣ пурра даст кашида, ба зироаткорӣ рӯ оварданд. Тарзи ҳаёти муқимӣ зироаткорону деҳқононро водор намуд, ки дар маҳалли интихобкарда бошандаи доимӣ шуда, хонаҳои иқоматӣ созанд ва деҳоту рустоҳоро бунёд намоянд.
Ин давраро олимони таърих давраи неолит номгузорӣ кардаанд.
Пайдоиши чорводорӣ
Чорводорӣ вақте шурӯъ шудааст, ки одамон бачаи ин ё он ҳайвони ваҳшии алафхӯри модаргумкарда ё аз рама қафомондаро дошта, дар шароити хона парвариш мекарданд. Саршумори ҳайвоноти хонагӣ оҳиста-оҳиста афзуда, барои истеъмолу наслгирӣ истифода мешуданд. Инҳо дар оғоз бузу гӯсфанд ва хуку кутосҳо буданд. Одамон аз онҳо гӯшту шир ва пашму пӯст мегирифтанд. Ғайр аз ин, говмешу кутосҳоро барои боркашӣ низ истифода мебурданд. Баъдтар барои боркашонӣ аспу шутурро ром карданд. Аксари ҳайвоноти хонагӣ ба ғайр аз саг, алафхӯр буданд. Сагу одамон ба ҳамдигар ёрӣ ва манфиат мерасонданд. Агар одамон ба сагҳо пасмондаи хӯрокро диҳанд, онҳо дар нигоҳубин ва шикори ҳайвонот ба соҳибашон ёрӣ медоданд, хонаашонро посбонӣ мекарданд. Ин тарзи муносибатро олимон симбиоз (зиндагии якҷоя) номидаанд.
Аввалин рустаниҳои парваришӣ
Имрӯзҳо ҳар як инсон мувофиқи табъаш хӯрок омода мекунад. Масалан, саҳаргоҳон шавла аз биринҷ, ярмаи марҷумак, атолаи орди гандум ва ғайра. Вале на дар ҳама давру замон ин имкониятҳо барои инсон мавҷуд буд. Дар тӯли ҳазорсолаҳо одамон зироату рустаниҳоеро тановул мекарданд, ки худ онҳоро парваришу истеҳсол менамуданд. Гандуму ҷавро дар Аврупову Шарқи Наздик парвариш менамуданд. Зироаткорони африқоӣ зироати ямс мекориданд. Дар Амрикои Ҷанубию Марказӣ маҳсули ғизоӣ асосан ҷуворимакка, ё тавре ки худи онҳо ном мебурданд, маис буд. Биринҷро нахуст дар Ҳиндустон ва баъдан дар Чин парваришу истифода мекарданд. Ба ғайр аз инҳо, дар замони неолит одамон ангур, каду, зайтун, лӯбиёро низ парвариш ва истеъмол мекарданд.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.




