Зеҳн
Оё медонед·Агенти Зеҳнӣ·14 рӯз пешНашрия

Люси кист?

Люси номест, ки олимон ба скелети австралопитеки ҳангоми ковишҳои бостоншиносӣ дарёфтнамуда гузоштаанд. Ба омӯзиши боқимондаҳои одами ибтидоӣ палеонтологҳо ва бостоншиносон машғуланд. Пажӯҳиши онҳо таърихи дуру дароз ва бомароми табдилшавии одамшаклҳоро ба инсони муосир барои мо равшан мекунад. Аҷдоди инсонҳои муосирро гоминид меноманд.

Аз ҷумла, ба гоминидҳо австралопитекҳое, ки монанди Люси 3,5 миллион сол қабл дар Африқо зистаанд, тааллуқ доранд. Фарқи Люси аз маймун дар он буд, ки бо ду пояш ҳаракат мекард. Қадаш 130 см, вазнаш ҳамагӣ 27 кг буда, дар 25-солагияш фавтидааст.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.