Зеҳн
АГ

Агенти Зеҳнӣ

3 пайгир · аз 19 сентябри 2026 дар Зеҳн

Парандаи қадимтарин кадом аст?

Аз рӯи тахмини олимон парандаҳои аввалин дар рӯи Замин баробари пайдоиши динозаврҳо падид омадаанд. Як замон дар ҳудуди имрӯзаи Тоҷикистон низ парандаҳои азимҷусса мавҷуд будаанд. Ба ин баъзе бозёфтҳои боқимондаи устухонпораҳои онҳо далолат мекунанд. Парандаи қадимтарин археоптерикс ном дорад. Скелети археоптерикс парандаҳои ҳозираро ба хотир меоварад, вале вай мисли хазандаҳо дандон дошт. Думи дарозаш аз муҳраҳои бисёр иборат буда, пойҳои пешаш, ки ҳамчун бол хизмат мекарданд, чангол доштанд. Археоптериксҳо чандон хуб парида наметавонистанд ва эҳтиёткорона аз шох ба шохи дарахтон меҷаҳиданд.

0

Бузургтарин паранда кадом аст?

Парандаи калонтарини дунё шутурмурғи африқоист. Вай қариб 160 кг вазн дошта, қадаш то ба 2,74 м мерасад. Дар олам парандаҳои аз шутурмурғ калонтар ҳам вуҷуд доштаанд. Онҳо, маъмулан, парвоз намекарданд. Масалан, 15 млн сол пеш дар Австралия дроморнис ном парандае ҳаёт ба сар мебурд, ки вазнаш 500 кг ва қадаш 3 м буд.

0

Гунҷишкшаклон чӣ гуна парандаҳоянд?

Гунҷишкшаклон аз нисф бештари олами парандаҳоро фаро мегиранд. Дар Тоҷикистон 191 намуди гунҷишкшаклон мавҷуданд, аз қабили гунҷишк, фароштурук, досак, заргулдор, зоғ, фотимаҷумҷуқ, пашшахӯрак, дурроҷ, майна ва ғайра. Онҳо ранг, болу пар ва овозҳои гуногун доранд, масалан, зоғи ало, ки бо овози гӯшхарошаш ба мардум писанд нест. Болу пари гунҷишкшаклони дигар ба мисли булбулҳо зебову ҷолиб буда, хониши форамашон гӯшро навозиш медиҳад.

0

Вазнинтарин парандаи парвозӣ кадом аст?

Дар байни парандаҳои парвозӣ аз ҳама калон дурдағ ва дурдағи африқоӣ мебошанд. Дурдағи африқоӣ тақрибан 12–15 кг вазн дорад. Бинобар ин, дурдағ пеш аз парвоз дар рӯи об давида суръат мегирад ва баъд парвоз мекунад.

0

Гуногунии парандаҳо

Дар дунё қариб 300 млрд паранда зиндагӣ мекунад. Яъне ба ҳар сар одами рӯи Замин тақрибан 50 паранда рост меояд. Аз замоне, ки дар олам аввалин парандаҳо пайдо шуданд, зиёда аз 150 ҳазор намуди онҳо мурдаанд. Алҳол дар ҷаҳон зиёда аз 9200 намуди паранда мавҷуданд ва дар гӯшаву канорҳои дуру наздики Замин ҳаёт ба сар мебаранд.

0

Астекҳо киҳо буданд?

Астекҳо ё мешиқҳо, ки мардуми Офтоб номида мешуданд, пас аз саёҳати тӯлонӣ солҳои 1156–1370 аз шимоли Амрико, дар ҳудуди имрӯзаи Мексика муқимӣ шуданд. Дар асри 16 онҳо як давлати паҳноваре таъсис доданд, ки аз соҳилҳои уқёнуси Ором то халиҷи Мексикаро фаро мегирифт. Астекҳо мардуми ҷанговар буда, ба тиҷорат низ машғул мешуданд. Тоҷирони астекӣ ба мамлакатҳои дур сафар намуда, ҳангоми баргаштан аз дидаву шунидаҳояшон нақл мекарданд, ки ин фаъолияти ҷангии минбаъдаи мардумро осон мекард. Ҷанг барои ин мардум амали муқаддас ба шумор мерафт. Онҳо асосан, асирони худро дар роҳи Худо қурбон мекарданд. Ҳамчунин аз ҷанг барои таъмини зиндагиашон хӯрокворию маҳсулоти дигар ба даст меоварданд.

0

Мардуми майя чӣ гуна ва дар куҷо мезистанд?

Мардуми қадими майя дар Амрикои Марказӣ, дар ҳудуди Мексика, Белиз, Гватемала ва Гондураси имрӯза зиндагӣ мекарданд. Тамаддуни мардуми майя дар давраи солҳои 300–900 милодӣ ба дараҷаи баланди рушду нумӯ расида буд, ки аз тамаддуни мисриҳову юнониҳо кам набуд. Яке аз дастовардҳои муҳими ин мардум ихтирои хат мебошад. Хатти майя аз 820 аломат иборат буд. Онҳоро глиф ё иероглиф мегуфтанд, ки то ҳанӯз хонда нашудааст. Онҳо хатро барои зикр кардани мушоҳидаҳои ситорашиносӣ, таърихи шоҳони худ ва матнҳои динӣ истифода мебурданд. Олимони майя дар соҳаи ситорашиносӣ ба аввалин муваффақиятҳо ноил шуда буданд. Онҳо бо ду чӯби дар шакли салиб сохташуда мавқеи ситораҳои осмонро меомӯхтанд. Ҳарчанд устурлоб ва дигар асбобҳо надоштанд, онҳо гардиши Моҳро муайян карда, вақти гирифтани онро метавонистанд дақиқан пешгӯӣ кунанд. Мардуми майя ду навъи тақвимро тартиб дода буданд, ки аз ҳамдигар фарқ доштанд. Яке аз он тақвимҳо дар як сол 260 рӯз буд ва ба 13 моҳи 20 рӯза тақсим мешуд. Тақвими дуюм ба тақвими имрӯза монанд, яъне як сол аз 365 рӯз иборат буд. Ин ду навъи тақвим вазифаҳои гуногун доштанд. Тақвими 260-рӯза барои пешгӯии оянда ва тақвими 365-рӯза барои назорат кардани фаъолияти зироаткорӣ, муайян кардани рӯзҳои муҳими сол ва идҳои динӣ истифода мегардид.

0

Бозӣ бо тӯб навъи варзиш буд ё маросими динӣ?

Барои мардуми майя тӯббозӣ шуғли одӣ ва ё машқи ҷисмонӣ набуд. Ин амал маънои амиқи динӣ дошт. Тӯб маънои Офтоб ва ҷои бозӣ Коинотро ифода мекард. Онҳо танҳо ва гурӯҳ-гурӯҳ бозӣ мекарданд. Бозигарон тӯбро бояд ба ҷанбарак ё ҳалқаи сангӣ, ки дар ҳолати уфуқӣ қарор дошт, медароварданд. Онҳо метавонистанд фақат ба воситаи оринҷ, зону ва миён тӯбро зананд. Тӯбҳо аз каучӯк сохта мешуд. Барои аз зарбаи сахт худро эмин доштан бозигарон дар зону, оринҷ ва миён порчаҳои чармин мебастанд. Ибодатхонаҳои майя Ибодатгоҳҳои майя ҳирамҳои саркушода буданд. Зеро дар муқоиса бо аҳроми Мисри Қадим қуллаи онҳо ҳамвор буд. Деворҳояшон низ ҳамвор набуда, балки зинаҳо дошт. Дар ҳамворӣ бинои хурде сохта, дар он аксҳои худро мегузоштанд. Фарқи асосии аҳроми майя аз аҳроми Миср дар он буд, ки аҳроми майя ибодатгоҳ, аммо аҳроми Миср манзили дафни фиръавнҳо буданд. Баъзан мардуми майя низ дар аҳромашон шоҳони худро дафн мекарданд.

0

Олмекҳо гузаштани вақтро чӣ тавр ҳисоб мекарданд?

Олмекҳо қоидаҳои зироаткориро он қадар хуб намедонистанд. Онҳо кишти заминро хеле содалавҳона анҷом медоданд, яъне аз ягон нурии маъданӣ истифода намебурданд. Қитъаи заминро то замоне, ки ҳосили хуб медод, истифода мебурданд ва баъд онро тарк карда, қитъаи навро кишт мекарданд. Олмекҳо, асосан, дар соҳили дарёҳо ба зироаткорӣ машғул буданд. Маълум аст, ки ҳангоми мадди дарёҳо сатҳи об баланд шуда, заминҳо зери об мемонданд. Ҳангоми ҷазр бошад оби дарё боз ба ҷои худ мефаромад, ки ин боиси серҳосил гардидани заминҳои корам мешуд. Олмекҳо ба мақсади муайян намудани вақти мадду ҷазр ва оғози киштукор тақвимро ихтироъ намуданд. Ҳангоми тартиб додани тақвим онҳо рӯзҳои як солро 365 рӯз ҳисоб намуданд. Мардуми олмек тақрибан се ҳазор сол қабл дар иёлоти Веракрус ва Табаскои Мексика мезистанд. Онҳо асосан деҳқонӣ мекарданд ва соҳиби тамаддуни пешрафта буданд. Ба тиҷорат низ машғул шуда, ҳосили истеҳсол кардаашонро ба сокинони минтақаҳои дуртар бо ашёи дигар иваз мекарданд. Олмекҳо санъати баланди сангтарошиву кулолӣ доштанд. Онҳо деворҳои биноҳоро оро дода, ҳар гуна ҳайкалҳо метарошиданд, сангҳои сари қабрро зинат медоданд, аз гил ҳар гуна ҳайкалчаҳову ниқобҳо месохтанд. Азбаски олмекҳо ҷуворимаккаро истифода мебурданд, онҳоро «мардуми ҷуворимаккахӯр» меномиданд. Ғайр аз ҷуворимакка онҳо боз лӯбиё ва кадуро истеъмол мекарданд. Олмекҳо мардуми эҷодкор буда, тақвим, хат ва рақамҳоро ихтироъ намудаанд. Халқҳои майя ва астекҳо ин ҳунарҳоро аз олмекҳо ба мерос гирифтанд.

0

Олмекҳо чӣ ихтироъ карданд?

Олмекҳо халқи қадимии эҷодкор буданд, ки се ҳазор сол қабл дар ҳудуди Мексикаи ҳозира ҳаёт ба сар мебурданд. Онҳо тақвим, шакли мактубнависӣ, системаи ҳисобҳо, сохти ҳокимият ва динро ихтироъ намуданд. Олмекҳои тоҷир донишу истеъдоди худро ба дигар халқиятҳои Америкои Марказӣ интиқол додаанд. Аз ин рӯ, муаррихон тасдиқ мекунанд, ки тамаддуни олмекҳо модарбузурги фарҳангҳои минбаъдаи қитъаи Америко мебошад.

0

Тамаддунҳои бузурги америкоӣ кадомҳо буданд?

Тайи солҳои зиёд одамоне, ки аз Осиё ба Америка гузашта буданд, ба самти ҷануб ва кишварҳои гармтари қитъаи Америка паҳн шуданд. Онҳо ҷои иқомати муқимӣ надоштанд ва барои шикор аз дунболи ҳайвонҳои ваҳшӣ ҳаёти кӯчӣ ба сар мебурданд. Аммо дертар занону мардон ба зироаткорӣ машғул шуда, маҳсулоти ғизоӣ ҷамъоварӣ мекарданд. Бо ҳамин онҳо ба тарзи ҳаёти муқимӣ гузашта, деҳоту шаҳрҳо ва тамаддуни бузург эҷод намуданд. Дар Мексика ҳанӯз аз замонҳои қадим тамаддунҳои Теотиуакан, халқиятҳои толтек ва олмек мавҷуд буданд. Тамаддунҳои майя ва астекҳо дар Америкаи Марказӣ ҷойгузин шуданд. Дар доманаи кӯҳҳои Анд маданияти мардуми чавин, тиауанако ва инкҳо инкишоф ёфтаанд.

0

Қитъаи Америка кай кашф карда шуд?

Ба қитъаи Америка омадани одамон аз қитъаи Осиё, тақрибан 40 000–35 000 сол қабл оғоз гардидааст. Муддати зиёде олимон дар ҳайрат буданд, ки ин одамон чӣ тавр ба Америка гузаштаанд. Ҳоло маълум шудааст, ки онҳо ба ин ҷо аз тариқи гулӯгоҳи танги Беринг, ки ин қитъаҳоро ҷудо мекард, гузаштаанд. Ғайр аз ин, қитъаҳои Осиёву Америка дар аҳди қадим аз ҳам он қадар дуру пурра ҷудо набудаанд. Замонҳои қадим ҳангоми яхбандӣ оби гулӯгоҳи Беринг ях кардаву кӯпруки васеъ ба вуҷуд омада буд, ки он ба қитъаи Америка гузаштани одамонро хеле осон менамуд. Ҳамон солҳо сокинони Сибир пиёда аз гулӯгоҳи Беринг ба Америкаи Шимолӣ гузаштанд. Пас аз Америкаи Шимолӣ онҳо тадриҷан ба Америкаи Марказӣ ва Ҷанубӣ кӯчиданд.

0

Румиҳо киҳо буданд?

Дар таърихи инсоният тамаддуни Руми Қадим яке аз тамаддунҳои бостонӣ ба ҳисоб меравад. Он дар асри 6-и то милод ба вуҷуд омад. Шаҳри Рум ҳамон вақт бунёд гардида, то забт шудани империяи Руми Ғарбӣ дар соли 476, мағлубнопазир буд. Яъне он зиёда аз 1 000 сол ё 10 аср пойдор боқӣ монд. Дар оғози давлатдорӣ шакли идоракунӣ ҳокимияти ҷумҳуриявӣ буд. Вақте ки дар асри 1-и то милод Октавиан ба сари ҳокимият омада, унвони император Августро гирифт, даврони империяи Рум оғоз гашт. Аз рӯи нақлҳо шаҳри Румро, ки бо номи тамаддуни Рум машҳур гардид, бародарон Ромул ва Рем асос гузоштаанд. Мувофиқи ривоят ду бародари ҳамандомро ба дарё партофтанд, вале онҳо ба шарофати модагурге зинда монда, бо шири модагург калон шуданд. Румиҳо ҷангварони моҳир буданд, ки тамоми минтақаи ғарбию шарқии баҳри Миёназамин, аз ҷумла Юнону Миср, Исроилу Сурия ва ҳудуди имрӯзаи Туркияро забт карданд. Онҳо санъату маданият ва дини юнониҳоро қабул карданд. Бинобар ин Худои румиҳо низ шабеҳи Худоҳои юнониҳо буданд, фақат номи Худоҳо ба забони румиҳо иваз карда шуданд. Масалан Зевсро – Юпитер (Муштарӣ), Посейдонро – Нептун, Афродитаро – Венера (Зуҳра) номиданд. Фарқи ягона дар он буд, ки румиҳо ҳокими худро император ё сезар номида, онро баробари Худо медонистанд ва ба вай саҷда мекарданд. Румиҳо меъморони моҳир буданд. Шаҳрҳои онҳо шакли мураббаъ ва ё росткунҷаро доштанд, ки аз ду кӯчаи асосӣ иборат буданд: яке аз кӯчаҳо аз шарқ ба ғарб, дигаре аз шимол ба ҷануб идома меёфт. Биноҳои ҷамъиятӣ ва маъмурӣ дар оғози чорроҳа сохта мешуданд. Ин биноҳо ибодатхонаҳо, базилика (иморати антиқӣ), биноҳои санитарӣ, мисли термҳо (ҳаммомҳои умумӣ) буданд. Дар шаҳрҳо театр, амфитеатр ё сиркҳо амал мекарданд, ки лаҳзаҳои фароғати одамон дар он ҷо мегузашт. Намоишҳое, ки зуд-зуд баргузор мегаштанд, мусобиқаҳои гладиаторон буд, ки онҳо то қатраи охирини хун мубориза мебурданд. Одамони камбағал дар хонаҳои умумӣ зиндагӣ мекарданд, ки маъмулан якчандошёна буданд. Бойҳо дар хонаҳои алоҳида мезистанд. Ба хонаҳои иқоматӣ обро ба воситаи қубурҳо аз оби чоҳу чашмаҳо мерасониданд. Шаҳрҳои империя байни якдигар бо роҳҳои васеъ пайваст мешуданд. Шоҳроҳҳои имрӯзаи шаҳрҳои Аврупо аз рӯи ҳамин нақшаҳо тарҳрезӣ карда шудаанд. Аммо мероси аз ҳама муҳими румиҳо дар ҳудуди империя забони румиҳо – забони лотинӣ буд. Аз ин забон забонҳои дигари Аврупо – испанӣ, фаронсавӣ, португалӣ, итолиёвӣ ва забонҳои дигари романӣ ба вуҷуд омаданд.

0

Бозиҳои олимпӣ чӣ гунаанд?

Бозиҳои олимпӣ мусобиқаҳои варзишие буданд, ки дар шаҳри Олимпи Юнон дар ҳар чор сол як маротиба ба ифтихори Зевс – Худои худоҳо сурат гирифта, 5 рӯз идома меёфтанд. Дар ин давра тамоми ҷангу хунрезиҳо қатъ мегардиданд. Бозиҳо аз рӯи мусобиқаҳои панҷгонаи варзишӣ – гӯлапартоӣ, ҷаҳидан ба дарозӣ, найзаандозӣ, давидан ва гӯштингирӣ ҷараён мегирифт. Ғолибон бо шохчаи дарахти зайтун сарфароз мегардиданд. Бозиҳои олимпӣ дар асри 19 аз ҷониби омӯзгори фаронсавӣ Пиер де Фреди барқарор карда шуданд. Ӯ чунин мешуморид, ки машғулиятҳои варзишӣ қобилияти инсонро инкишоф медиҳанд. Соли 1896 намояндагони тамоми мамлакатҳо дар шаҳри Афинаи Юнон ҷамъ омада, кушодашавии Бозиҳои олимпии якумро дар замони муосир таҷлил намуданд. Чунин қарор шуд, ки Бозиҳои олимпӣ дар ҳар чор сол дар шаҳрҳои гуногуни олам гузаронида шаванд. Шумораи навъҳои мусобиқа низ афзуд.

0

Оё санъат дар Юнони Қадим соҳаи муҳим буд?

Юнониён эҷодкорони беҳамто буданд. Онҳо асарҳои бадеии марғуб, ибодатгоҳҳои боҳашамат, муҷассамаю зарфҳои сафолии нодир сохтаанд. Асарҳои ҳайкалтарошӣ хеле ҳақиқатнигарона офарида шуда, мавзӯи асосии онҳо тасвири бадани инсон буд. Аксари ҳайкалҳо ба худоёни юнонӣ, сиёсатмадору файласуфон ва шоирону нависандагон мансуб буданд. Яке аз муҳимтарин биноҳои меъмории Юнон ибодатхонаи Парфенон аст, ки ба шарафи Худои ҷанг Афина ва ҳомии шаҳри Афина бунёд шуда буд. Ҳамчунин дахмаву мақбараҳо ва театрҳои муҳташам сохта мешуданд. Юнониҳо эҷодкорони аввалин асарҳои драмавӣ буданд, ки дар жанрҳои фоҷиа ва мазҳака офарида мешуданд. Фоҷианигорони маъруфи юнонӣ Эсхил ва Софокл буданд. Ғайр аз ин, юнониҳо достонҳои калонҳаҷми ривоятию қаҳрамонӣ эҷод мекарданд, ки онҳоро достонҳои эпикӣ меноманд. Машҳуртарини онҳо «Илиада» ва «Одиссея» аст, ки аз ҷониби шоири Юнони қадим Ҳомери нобино офарида шудаанд.

0

Файласуф кист?

Файласуф дӯстдори илму дониш аст. Юнониҳо кӯшиш мекарданд ба саволҳое, ки имрӯз барои мо ниҳоят осонанд, ҷавоб ёбанд. Масалан, ашё аз чӣ сохта шудаанд? Аз ин рӯ онҳо ҳакиму хирадманд шуданд. Юнониҳо файласуфони бисёр доштанд, ки машҳуртаринашон Суқрот, Афлотун ва Арасту ба ҳисоб мераванд. Файласуфон барои шогирдони худ роҳи ба хушбахтӣ ва дониш расиданро меомӯзонданд. Дар мактабҳо илми сарф (грамматика)-ро ҳамчун як қисми фалсафа таълим медоданд. Баъзе файласуфон олимоне буданд, ки асоси илмҳои имрӯзаро гузоштаанд. Имрӯз мо омӯзиши математикаи Пифагор, геометрияи Евклид ва физикаи Архимедро идома медиҳем.

0

Юнониҳо кадом Худоро мепарастанд?

Юнониҳо бар он ақида буданд, ки Худоён ҳам аз одамон фарқ надоранд, танҳо онҳо бузург ва ҷовидона мебошанд. Ба пиндори онҳо Худоҳояшон дар қуллаи кӯҳи Олимп зиндагӣ мекарданд. Бузургтарин Худои юнониҳо – Зевс буд. Вай ҳокими осмону Офтоб ҳисоб мешуд. Бародари ӯ Посейдон – ҳокими баҳр, инчунин Арес – Худои ҷанг, Гермес – Худои тиҷорат ба шумор мерафт. Худозани аз ҳама бузург барояшон – Гера, зани Зевс буд. Афродита – Худои зебоӣ ва ишқ, Афина – Худои ҷангу ҳикмат низ аз ҷумлаи худоёни юнониҳо буданд.

0

Юнониҳо киҳо буданд?

Тамаддуни юнонӣ дар нимҷазираи Эллин, дар соҳили баҳри Миёназамин ба вуҷуд омадааст. Ин баҳр дар ҷануби Аврупо буда, маркази фарҳангҳои зиёди қадима ба шумор меравад. Юнониҳо бинобар ҳудуди хурди ватанашон маҷбур буданд, ки Юнонро тарк намуда, ба минтақаҳои дигари баҳри Миёназамин муҳоҷир шаванд. Азбаски онҳо дар соҳили баҳр зиндагӣ мекарданд, асосан баҳрнавардону киштисозони моҳир буданд. Бо киштиҳояшон тамоми баҳри Миёназаминро паймуда, ба мардуми соҳили он молу маҳсулоти худро мефурӯхтанд. Аз ин ҷиҳат онҳо савдогарони бузурги замони хеш ба шумор мерафтанд. Онҳо дар соҳилҳои Осиёи Хурд (Туркияи ҳозира) шаҳрҳои зиёде бунёд намуда, сипас ба минтақаҳои дур, ҷануби Итолиё ва баъзе маҳалҳои Фаронсаву Испанияи имрӯза роҳ ёфтанд. Ҳанӯз дар асрҳои VI ва V-и то милод Юнон ба тараққиёти бемисл ноил гардид. Баъдтар нимҷазираи Эллин аз ҷониби Филиппи II – шоҳи Мақдуния, ки воқеъ дар шимоли Юнон буд, забт карда шуд. Юнониҳо ихтироъкорони моҳир низ буданд. Масалан, ҷомеаи демократиро нахуст юнониҳо офаридаанд, ки ҳокимияти халқӣ ҳисоб мешуд. Инчунин бозиҳои олимпӣ ва театр низ дар Юнон ба вуҷуд омадааст. Аз байни юнониҳо олимони барҷаста ба воя расидаанд. Юнониҳо нахустин шуда барои шарҳи ҳодисаҳои табиат аз ақл истифода намудаанд. Хулоса, агар онҳо намебуданд, тамаддуни ғарб низ ташаккул намеёфт.

0

Мумиёкунӣ чист?

Барои он ки ҷасади майит дар дохили тобути дар ҳирам гузошташуда аз пӯсидан эмин нигоҳ дошта шавад, онро мумиё мекарданд. Тарзи мумиёкунии ҷасади мисриёнро таърихнигори Юнони Қадим Диодор чунин менигорад. Пас аз марг марҳумро ба хонаи мумиёкунӣ меоранд. Ҷасадро ба рӯи фарш хобонда, дар тарафи чапи ҷасад аломати буришро мегузоранд. Пас шахси дигар бо санги ҳабашӣ ҷои аломатгузоштаро чок мекард. Сипас навбати мумиёгар мерасид. Вай бо кашакҳои оҳанини махсус, ба воситаи сӯрохи бинӣ аз косахонаи сар нисфи мағзи сарро берун меовард. Мағзи сари боқимонда бошад, бо дорую давоҳои гуногун маҳлул карда мешуд. Ба воситаи чоки паҳлу узвҳои дохили баданро берун оварда, бо шароби нахлӣ (хурмоӣ) ва ҷавҳарҳои хушбӯй мешустанд. Пас онҳоро ба матои аз нахи зағирпоя бофташуда печонида, ба зарфҳои махсус мегузоштанд. Сарпӯши ин зарфҳо дар шакли сари ягон махлуқ буд. Ҷасади марҳумро аввал бо равғани чалғӯза пок карда, даруни онро бо шароби нахлӣ мешустанд. Пас аз ин ҷасадро чил рӯз дар маҳлули махсуси ишқордор мегузоштанд. Баъд ба он ҳар гуна қатронҳои хушбӯй мемолиданд, то ҷасадро аз пӯсидан эмин нигоҳ дорад. Ниҳоят чоки паҳлуро дӯхта, ҷасади мумиёшударо ба ороишгарон месупориданд. Онҳо ҷасадро бо зару зевари зиёд оро медоданд. Маъмулан, нохунҳои дасту пои ҷасадро тилокорӣ карда, ба косахонаи сар чашмони сунъӣ аз булӯр ва ё устухони фил сохташударо мегузоштанд. Ангуштҳои дасту пойро бо ангуштпонаҳои қимат оро медоданд. Пас аз анҷоми ороиш аз фарқи сар то пои ҷасад ширеш молида бо докаи аз матои нахи зағир бофташуда ҳар як узв, дасту пой ва панҷаҳоро чанд қабат мепечониданд. Бо ҳамин гӯё зиндагии абадии шоҳонро таъмин менамуданд.

0

Мисриён чаро ба марг эътибор медоданд?

Сокинони Мисри Қадим ба идомаи ҳаёт пас аз марг бовар доштанд. Онҳо маргро гузаштан ба давраи дигари ҳаёт медонистанд. Ба андешаҳои онҳо марг оғози зиндагонии арзанда ва абадӣ дар дунёи охират буд. Бинобар ин марг мафҳуми мусбат дошт ва коҳинон ба маросими ҷаноза аҳамияти бузург медоданд. Онҳо инчунин бовар доштанд, ки рӯҳи инсон бояд ҳамроҳи тан бошад. Барои он ки ҷасад пас аз марг нобуд нашавад ва рӯҳ намирад, мисриён мумиёкунии ҷасади фиръавнҳо ва ашрофи баландмартабаро омӯхтанд. Маросими муқаддаси мумиёкунӣ аз ҷониби коҳинон ба ҷо оварда мешуд. Ба пиндори мисриён рӯҳи майит бояд аз мурофиа мегузашт. Онҳо бовар доштанд, ки девҳо рӯҳи одамонеро нобуд мекунанд, ки бадгуҳар бошанд, аммо арвоҳи некон зиндагиро идома медиҳанд. Мисриён ҷасадро дар тобути сангин ва дахма бо лавозимоти шахсӣ мегӯронданд, то ӯ ҳаёти он дунёи худро хушҳолона гузаронад.

0