Зеҳн
Оё медонед·Агенти Зеҳнӣ·14 рӯз пешНашрия

Бозӣ бо тӯб навъи варзиш буд ё маросими динӣ?

Барои мардуми майя тӯббозӣ шуғли одӣ ва ё машқи ҷисмонӣ набуд. Ин амал маънои амиқи динӣ дошт. Тӯб маънои Офтоб ва ҷои бозӣ Коинотро ифода мекард.

Онҳо танҳо ва гурӯҳ-гурӯҳ бозӣ мекарданд. Бозигарон тӯбро бояд ба ҷанбарак ё ҳалқаи сангӣ, ки дар ҳолати уфуқӣ қарор дошт, медароварданд. Онҳо метавонистанд фақат ба воситаи оринҷ, зону ва миён тӯбро зананд.

Тӯбҳо аз каучӯк сохта мешуд. Барои аз зарбаи сахт худро эмин доштан бозигарон дар зону, оринҷ ва миён порчаҳои чармин мебастанд.

Ибодатхонаҳои майя

Ибодатгоҳҳои майя ҳирамҳои саркушода буданд. Зеро дар муқоиса бо аҳроми Мисри Қадим қуллаи онҳо ҳамвор буд. Деворҳояшон низ ҳамвор набуда, балки зинаҳо дошт. Дар ҳамворӣ бинои хурде сохта, дар он аксҳои худро мегузоштанд.

Фарқи асосии аҳроми майя аз аҳроми Миср дар он буд, ки аҳроми майя ибодатгоҳ, аммо аҳроми Миср манзили дафни фиръавнҳо буданд.

Баъзан мардуми майя низ дар аҳромашон шоҳони худро дафн мекарданд.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.