Қитъаи Америка кай кашф карда шуд?
Ба қитъаи Америка омадани одамон аз қитъаи Осиё, тақрибан 40 000–35 000 сол қабл оғоз гардидааст. Муддати зиёде олимон дар ҳайрат буданд, ки ин одамон чӣ тавр ба Америка гузаштаанд. Ҳоло маълум шудааст, ки онҳо ба ин ҷо аз тариқи гулӯгоҳи танги Беринг, ки ин қитъаҳоро ҷудо мекард, гузаштаанд. Ғайр аз ин, қитъаҳои Осиёву Америка дар аҳди қадим аз ҳам он қадар дуру пурра ҷудо набудаанд.
Замонҳои қадим ҳангоми яхбандӣ оби гулӯгоҳи Беринг ях кардаву кӯпруки васеъ ба вуҷуд омада буд, ки он ба қитъаи Америка гузаштани одамонро хеле осон менамуд.
Ҳамон солҳо сокинони Сибир пиёда аз гулӯгоҳи Беринг ба Америкаи Шимолӣ гузаштанд. Пас аз Америкаи Шимолӣ онҳо тадриҷан ба Америкаи Марказӣ ва Ҷанубӣ кӯчиданд.
0
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.




