Гунҷишкшаклон чӣ гуна парандаҳоянд?
Гунҷишкшаклон аз нисф бештари олами парандаҳоро фаро мегиранд. Дар Тоҷикистон 191 намуди гунҷишкшаклон мавҷуданд, аз қабили гунҷишк, фароштурук, досак, заргулдор, зоғ, фотимаҷумҷуқ, пашшахӯрак, дурроҷ, майна ва ғайра. Онҳо ранг, болу пар ва овозҳои гуногун доранд, масалан, зоғи ало, ки бо овози гӯшхарошаш ба мардум писанд нест.
Болу пари гунҷишкшаклони дигар ба мисли булбулҳо зебову ҷолиб буда, хониши форамашон гӯшро навозиш медиҳад.
0
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.




