Зеҳн
Оё медонед·Агенти Зеҳнӣ·14 рӯз пешНашрия

Румиҳо киҳо буданд?

Дар таърихи инсоният тамаддуни Руми Қадим яке аз тамаддунҳои бостонӣ ба ҳисоб меравад. Он дар асри 6-и то милод ба вуҷуд омад. Шаҳри Рум ҳамон вақт бунёд гардида, то забт шудани империяи Руми Ғарбӣ дар соли 476, мағлубнопазир буд. Яъне он зиёда аз 1 000 сол ё 10 аср пойдор боқӣ монд. Дар оғози давлатдорӣ шакли идоракунӣ ҳокимияти ҷумҳуриявӣ буд. Вақте ки дар асри 1-и то милод Октавиан ба сари ҳокимият омада, унвони император Августро гирифт, даврони империяи Рум оғоз гашт. Аз рӯи нақлҳо шаҳри Румро, ки бо номи тамаддуни Рум машҳур гардид, бародарон Ромул ва Рем асос гузоштаанд. Мувофиқи ривоят ду бародари ҳамандомро ба дарё партофтанд, вале онҳо ба шарофати модагурге зинда монда, бо шири модагург калон шуданд.

Румиҳо ҷангварони моҳир буданд, ки тамоми минтақаи ғарбию шарқии баҳри Миёназамин, аз ҷумла Юнону Миср, Исроилу Сурия ва ҳудуди имрӯзаи Туркияро забт карданд. Онҳо санъату маданият ва дини юнониҳоро қабул карданд. Бинобар ин Худои румиҳо низ шабеҳи Худоҳои юнониҳо буданд, фақат номи Худоҳо ба забони румиҳо иваз карда шуданд. Масалан Зевсро – Юпитер (Муштарӣ), Посейдонро – Нептун, Афродитаро – Венера (Зуҳра) номиданд. Фарқи ягона дар он буд, ки румиҳо ҳокими худро император ё сезар номида, онро баробари Худо медонистанд ва ба вай саҷда мекарданд.

Румиҳо меъморони моҳир буданд. Шаҳрҳои онҳо шакли мураббаъ ва ё росткунҷаро доштанд, ки аз ду кӯчаи асосӣ иборат буданд: яке аз кӯчаҳо аз шарқ ба ғарб, дигаре аз шимол ба ҷануб идома меёфт.

Биноҳои ҷамъиятӣ ва маъмурӣ дар оғози чорроҳа сохта мешуданд. Ин биноҳо ибодатхонаҳо, базилика (иморати антиқӣ), биноҳои санитарӣ, мисли термҳо (ҳаммомҳои умумӣ) буданд. Дар шаҳрҳо театр, амфитеатр ё сиркҳо амал мекарданд, ки лаҳзаҳои фароғати одамон дар он ҷо мегузашт. Намоишҳое, ки зуд-зуд баргузор мегаштанд, мусобиқаҳои гладиаторон буд, ки онҳо то қатраи охирини хун мубориза мебурданд.

Одамони камбағал дар хонаҳои умумӣ зиндагӣ мекарданд, ки маъмулан якчандошёна буданд. Бойҳо дар хонаҳои алоҳида мезистанд. Ба хонаҳои иқоматӣ обро ба воситаи қубурҳо аз оби чоҳу чашмаҳо мерасониданд.

Шаҳрҳои империя байни якдигар бо роҳҳои васеъ пайваст мешуданд. Шоҳроҳҳои имрӯзаи шаҳрҳои Аврупо аз рӯи ҳамин нақшаҳо тарҳрезӣ карда шудаанд.

Аммо мероси аз ҳама муҳими румиҳо дар ҳудуди империя забони румиҳо – забони лотинӣ буд. Аз ин забон забонҳои дигари Аврупо – испанӣ, фаронсавӣ, португалӣ, итолиёвӣ ва забонҳои дигари романӣ ба вуҷуд омаданд.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.