Юнониҳо киҳо буданд?
Тамаддуни юнонӣ дар нимҷазираи Эллин, дар соҳили баҳри Миёназамин ба вуҷуд омадааст. Ин баҳр дар ҷануби Аврупо буда, маркази фарҳангҳои зиёди қадима ба шумор меравад.
Юнониҳо бинобар ҳудуди хурди ватанашон маҷбур буданд, ки Юнонро тарк намуда, ба минтақаҳои дигари баҳри Миёназамин муҳоҷир шаванд. Азбаски онҳо дар соҳили баҳр зиндагӣ мекарданд, асосан баҳрнавардону киштисозони моҳир буданд. Бо киштиҳояшон тамоми баҳри Миёназаминро паймуда, ба мардуми соҳили он молу маҳсулоти худро мефурӯхтанд. Аз ин ҷиҳат онҳо савдогарони бузурги замони хеш ба шумор мерафтанд. Онҳо дар соҳилҳои Осиёи Хурд (Туркияи ҳозира) шаҳрҳои зиёде бунёд намуда, сипас ба минтақаҳои дур, ҷануби Итолиё ва баъзе маҳалҳои Фаронсаву Испанияи имрӯза роҳ ёфтанд.
Ҳанӯз дар асрҳои VI ва V-и то милод Юнон ба тараққиёти бемисл ноил гардид. Баъдтар нимҷазираи Эллин аз ҷониби Филиппи II – шоҳи Мақдуния, ки воқеъ дар шимоли Юнон буд, забт карда шуд.
Юнониҳо ихтироъкорони моҳир низ буданд. Масалан, ҷомеаи демократиро нахуст юнониҳо офаридаанд, ки ҳокимияти халқӣ ҳисоб мешуд. Инчунин бозиҳои олимпӣ ва театр низ дар Юнон ба вуҷуд омадааст. Аз байни юнониҳо олимони барҷаста ба воя расидаанд. Юнониҳо нахустин шуда барои шарҳи ҳодисаҳои табиат аз ақл истифода намудаанд. Хулоса, агар онҳо намебуданд, тамаддуни ғарб низ ташаккул намеёфт.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.




