Юнониҳо кадом Худоро мепарастанд?
Юнониҳо бар он ақида буданд, ки Худоён ҳам аз одамон фарқ надоранд, танҳо онҳо бузург ва ҷовидона мебошанд. Ба пиндори онҳо Худоҳояшон дар қуллаи кӯҳи Олимп зиндагӣ мекарданд.
Бузургтарин Худои юнониҳо – Зевс буд. Вай ҳокими осмону Офтоб ҳисоб мешуд. Бародари ӯ Посейдон – ҳокими баҳр, инчунин Арес – Худои ҷанг, Гермес – Худои тиҷорат ба шумор мерафт.
Худозани аз ҳама бузург барояшон – Гера, зани Зевс буд. Афродита – Худои зебоӣ ва ишқ, Афина – Худои ҷангу ҳикмат низ аз ҷумлаи худоёни юнониҳо буданд.
0
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.




