Оё санъат дар Юнони Қадим соҳаи муҳим буд?
Юнониён эҷодкорони беҳамто буданд. Онҳо асарҳои бадеии марғуб, ибодатгоҳҳои боҳашамат, муҷассамаю зарфҳои сафолии нодир сохтаанд. Асарҳои ҳайкалтарошӣ хеле ҳақиқатнигарона офарида шуда, мавзӯи асосии онҳо тасвири бадани инсон буд. Аксари ҳайкалҳо ба худоёни юнонӣ, сиёсатмадору файласуфон ва шоирону нависандагон мансуб буданд.
Яке аз муҳимтарин биноҳои меъмории Юнон ибодатхонаи Парфенон аст, ки ба шарафи Худои ҷанг Афина ва ҳомии шаҳри Афина бунёд шуда буд. Ҳамчунин дахмаву мақбараҳо ва театрҳои муҳташам сохта мешуданд. Юнониҳо эҷодкорони аввалин асарҳои драмавӣ буданд, ки дар жанрҳои фоҷиа ва мазҳака офарида мешуданд. Фоҷианигорони маъруфи юнонӣ Эсхил ва Софокл буданд.
Ғайр аз ин, юнониҳо достонҳои калонҳаҷми ривоятию қаҳрамонӣ эҷод мекарданд, ки онҳоро достонҳои эпикӣ меноманд. Машҳуртарини онҳо «Илиада» ва «Одиссея» аст, ки аз ҷониби шоири Юнони қадим Ҳомери нобино офарида шудаанд.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.




