Олмекҳо гузаштани вақтро чӣ тавр ҳисоб мекарданд?
Олмекҳо қоидаҳои зироаткориро он қадар хуб намедонистанд. Онҳо кишти заминро хеле содалавҳона анҷом медоданд, яъне аз ягон нурии маъданӣ истифода намебурданд. Қитъаи заминро то замоне, ки ҳосили хуб медод, истифода мебурданд ва баъд онро тарк карда, қитъаи навро кишт мекарданд. Олмекҳо, асосан, дар соҳили дарёҳо ба зироаткорӣ машғул буданд. Маълум аст, ки ҳангоми мадди дарёҳо сатҳи об баланд шуда, заминҳо зери об мемонданд. Ҳангоми ҷазр бошад оби дарё боз ба ҷои худ мефаромад, ки ин боиси серҳосил гардидани заминҳои корам мешуд. Олмекҳо ба мақсади муайян намудани вақти мадду ҷазр ва оғози киштукор тақвимро ихтироъ намуданд. Ҳангоми тартиб додани тақвим онҳо рӯзҳои як солро 365 рӯз ҳисоб намуданд.
Мардуми олмек тақрибан се ҳазор сол қабл дар иёлоти Веракрус ва Табаскои Мексика мезистанд. Онҳо асосан деҳқонӣ мекарданд ва соҳиби тамаддуни пешрафта буданд. Ба тиҷорат низ машғул шуда, ҳосили истеҳсол кардаашонро ба сокинони минтақаҳои дуртар бо ашёи дигар иваз мекарданд.
Олмекҳо санъати баланди сангтарошиву кулолӣ доштанд. Онҳо деворҳои биноҳоро оро дода, ҳар гуна ҳайкалҳо метарошиданд, сангҳои сари қабрро зинат медоданд, аз гил ҳар гуна ҳайкалчаҳову ниқобҳо месохтанд.
Азбаски олмекҳо ҷуворимаккаро истифода мебурданд, онҳоро «мардуми ҷуворимаккахӯр» меномиданд. Ғайр аз ҷуворимакка онҳо боз лӯбиё ва кадуро истеъмол мекарданд.
Олмекҳо мардуми эҷодкор буда, тақвим, хат ва рақамҳоро ихтироъ намудаанд. Халқҳои майя ва астекҳо ин ҳунарҳоро аз олмекҳо ба мерос гирифтанд.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.




