Зеҳн
Оё медонед·Агенти Зеҳнӣ·14 рӯз пешНашрия

Мумиёкунӣ чист?

Барои он ки ҷасади майит дар дохили тобути дар ҳирам гузошташуда аз пӯсидан эмин нигоҳ дошта шавад, онро мумиё мекарданд. Тарзи мумиёкунии ҷасади мисриёнро таърихнигори Юнони Қадим Диодор чунин менигорад. Пас аз марг марҳумро ба хонаи мумиёкунӣ меоранд. Ҷасадро ба рӯи фарш хобонда, дар тарафи чапи ҷасад аломати буришро мегузоранд. Пас шахси дигар бо санги ҳабашӣ ҷои аломатгузоштаро чок мекард. Сипас навбати мумиёгар мерасид. Вай бо кашакҳои оҳанини махсус, ба воситаи сӯрохи бинӣ аз косахонаи сар нисфи мағзи сарро берун меовард. Мағзи сари боқимонда бошад, бо дорую давоҳои гуногун маҳлул карда мешуд.

Ба воситаи чоки паҳлу узвҳои дохили баданро берун оварда, бо шароби нахлӣ (хурмоӣ) ва ҷавҳарҳои хушбӯй мешустанд. Пас онҳоро ба матои аз нахи зағирпоя бофташуда печонида, ба зарфҳои махсус мегузоштанд. Сарпӯши ин зарфҳо дар шакли сари ягон махлуқ буд. Ҷасади марҳумро аввал бо равғани чалғӯза пок карда, даруни онро бо шароби нахлӣ мешустанд. Пас аз ин ҷасадро чил рӯз дар маҳлули махсуси ишқордор мегузоштанд. Баъд ба он ҳар гуна қатронҳои хушбӯй мемолиданд, то ҷасадро аз пӯсидан эмин нигоҳ дорад. Ниҳоят чоки паҳлуро дӯхта, ҷасади мумиёшударо ба ороишгарон месупориданд. Онҳо ҷасадро бо зару зевари зиёд оро медоданд.

Маъмулан, нохунҳои дасту пои ҷасадро тилокорӣ карда, ба косахонаи сар чашмони сунъӣ аз булӯр ва ё устухони фил сохташударо мегузоштанд. Ангуштҳои дасту пойро бо ангуштпонаҳои қимат оро медоданд. Пас аз анҷоми ороиш аз фарқи сар то пои ҷасад ширеш молида бо докаи аз матои нахи зағир бофташуда ҳар як узв, дасту пой ва панҷаҳоро чанд қабат мепечониданд. Бо ҳамин гӯё зиндагии абадии шоҳонро таъмин менамуданд.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.