Бозиҳои олимпӣ чӣ гунаанд?
Бозиҳои олимпӣ мусобиқаҳои варзишие буданд, ки дар шаҳри Олимпи Юнон дар ҳар чор сол як маротиба ба ифтихори Зевс – Худои худоҳо сурат гирифта, 5 рӯз идома меёфтанд. Дар ин давра тамоми ҷангу хунрезиҳо қатъ мегардиданд. Бозиҳо аз рӯи мусобиқаҳои панҷгонаи варзишӣ – гӯлапартоӣ, ҷаҳидан ба дарозӣ, найзаандозӣ, давидан ва гӯштингирӣ ҷараён мегирифт. Ғолибон бо шохчаи дарахти зайтун сарфароз мегардиданд.
Бозиҳои олимпӣ дар асри 19 аз ҷониби омӯзгори фаронсавӣ Пиер де Фреди барқарор карда шуданд. Ӯ чунин мешуморид, ки машғулиятҳои варзишӣ қобилияти инсонро инкишоф медиҳанд.
Соли 1896 намояндагони тамоми мамлакатҳо дар шаҳри Афинаи Юнон ҷамъ омада, кушодашавии Бозиҳои олимпии якумро дар замони муосир таҷлил намуданд.
Чунин қарор шуд, ки Бозиҳои олимпӣ дар ҳар чор сол дар шаҳрҳои гуногуни олам гузаронида шаванд. Шумораи навъҳои мусобиқа низ афзуд.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.




