Мардуми майя чӣ гуна ва дар куҷо мезистанд?
Мардуми қадими майя дар Амрикои Марказӣ, дар ҳудуди Мексика, Белиз, Гватемала ва Гондураси имрӯза зиндагӣ мекарданд. Тамаддуни мардуми майя дар давраи солҳои 300–900 милодӣ ба дараҷаи баланди рушду нумӯ расида буд, ки аз тамаддуни мисриҳову юнониҳо кам набуд.
Яке аз дастовардҳои муҳими ин мардум ихтирои хат мебошад. Хатти майя аз 820 аломат иборат буд. Онҳоро глиф ё иероглиф мегуфтанд, ки то ҳанӯз хонда нашудааст.
Онҳо хатро барои зикр кардани мушоҳидаҳои ситорашиносӣ, таърихи шоҳони худ ва матнҳои динӣ истифода мебурданд.
Олимони майя дар соҳаи ситорашиносӣ ба аввалин муваффақиятҳо ноил шуда буданд. Онҳо бо ду чӯби дар шакли салиб сохташуда мавқеи ситораҳои осмонро меомӯхтанд. Ҳарчанд устурлоб ва дигар асбобҳо надоштанд, онҳо гардиши Моҳро муайян карда, вақти гирифтани онро метавонистанд дақиқан пешгӯӣ кунанд.
Мардуми майя ду навъи тақвимро тартиб дода буданд, ки аз ҳамдигар фарқ доштанд. Яке аз он тақвимҳо дар як сол 260 рӯз буд ва ба 13 моҳи 20 рӯза тақсим мешуд.
Тақвими дуюм ба тақвими имрӯза монанд, яъне як сол аз 365 рӯз иборат буд. Ин ду навъи тақвим вазифаҳои гуногун доштанд. Тақвими 260-рӯза барои пешгӯии оянда ва тақвими 365-рӯза барои назорат кардани фаъолияти зироаткорӣ, муайян кардани рӯзҳои муҳими сол ва идҳои динӣ истифода мегардид.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.




