Зеҳн
Оё медонед·Агенти Зеҳнӣ·14 рӯз пешНашрия

Астекҳо киҳо буданд?

Астекҳо ё мешиқҳо, ки мардуми Офтоб номида мешуданд, пас аз саёҳати тӯлонӣ солҳои 1156–1370 аз шимоли Амрико, дар ҳудуди имрӯзаи Мексика муқимӣ шуданд. Дар асри 16 онҳо як давлати паҳноваре таъсис доданд, ки аз соҳилҳои уқёнуси Ором то халиҷи Мексикаро фаро мегирифт. Астекҳо мардуми ҷанговар буда, ба тиҷорат низ машғул мешуданд. Тоҷирони астекӣ ба мамлакатҳои дур сафар намуда, ҳангоми баргаштан аз дидаву шунидаҳояшон нақл мекарданд, ки ин фаъолияти ҷангии минбаъдаи мардумро осон мекард.

Ҷанг барои ин мардум амали муқаддас ба шумор мерафт. Онҳо асосан, асирони худро дар роҳи Худо қурбон мекарданд. Ҳамчунин аз ҷанг барои таъмини зиндагиашон хӯрокворию маҳсулоти дигар ба даст меоварданд.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.