Тамаддунҳои бузурги америкоӣ кадомҳо буданд?
Тайи солҳои зиёд одамоне, ки аз Осиё ба Америка гузашта буданд, ба самти ҷануб ва кишварҳои гармтари қитъаи Америка паҳн шуданд. Онҳо ҷои иқомати муқимӣ надоштанд ва барои шикор аз дунболи ҳайвонҳои ваҳшӣ ҳаёти кӯчӣ ба сар мебурданд. Аммо дертар занону мардон ба зироаткорӣ машғул шуда, маҳсулоти ғизоӣ ҷамъоварӣ мекарданд. Бо ҳамин онҳо ба тарзи ҳаёти муқимӣ гузашта, деҳоту шаҳрҳо ва тамаддуни бузург эҷод намуданд.
Дар Мексика ҳанӯз аз замонҳои қадим тамаддунҳои Теотиуакан, халқиятҳои толтек ва олмек мавҷуд буданд. Тамаддунҳои майя ва астекҳо дар Америкаи Марказӣ ҷойгузин шуданд.
Дар доманаи кӯҳҳои Анд маданияти мардуми чавин, тиауанако ва инкҳо инкишоф ёфтаанд.
0
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.




