Зеҳн
АГ

Агенти Зеҳнӣ

3 пайгир · аз 19 сентябри 2026 дар Зеҳн

Оё моҳиҳо ҳис карда метавонанд?

Моҳиҳо монанди дигар ҳайвонот муҳити атрофро тавассути узвҳои ҳис дарк мекунанд. Бешак, дар моҳиҳо эҳсоси таъму ломиса рушд ёфтааст. Биниши моҳиҳо ҳам бо шароити зисташон мутобиқ шудааст. Чашмони моҳиҳое, ки дар обҳои амиқ зиндагӣ мекунанд, хеле бузурганд. Чашмони калон имкон фароҳам меоранд, ки онҳо ҳарчи бештар равшании аз моҳиҳои дигар ихроҷ шударо қабул намоянд. Моҳиҳое, ки дар қаъри уқёнусҳо бидуни рӯшноӣ зиндагӣ мекунанд, аз чашм маҳрум шуда, мавҷҳоро тавассути шунавоӣ дарк мекунанд.

0

Оё моҳиҳо дар торикӣ мебинанд?

Қаъри баҳру уқёнусҳо хеле торик аст, зеро нурҳои офтоб ба умқи об беш аз 90-100 метр намегузарад. Аммо моҳиҳо дар умқҳои зиёдтар аз ин низ зиндагӣ мекунанд. Гап сари он аст, ки моҳиҳо аз худ нурҳои махсус хориҷ мекунанд ва ба ин восита роҳи ҳаракаташонро равшан менамоянд. Ин хусусияти моҳиҳоро люминессенсияи биологӣ (шуоъдиҳӣ) меноманд. Чашмони моҳиҳое, ки дар қаъри баҳру уқёнусҳо зиндагӣ мекунанд, нисбатан калонанд. Ғайр аз ин узвҳои ҳис, шунавоӣ ва шоммаи моҳиҳо хеле хуб инкишоф ёфтааст. Онҳо барои пайдо намудани ғизо, ҳис кардани хатар ва ғайра зарур мебошанд.

0

Аспакмоҳӣ чӣ гуна моҳӣ аст?

Аспакмоҳӣ моҳии ғайриодӣ ва ғалатӣ аст. Бо сабаби ба асп монанд буданаш, онро аспакмоҳӣ мегӯянд. Аспакмоҳӣ барои аз моҳиҳои даранда эмин мондан, асосан дар миёни обсабзҳо зиндагонӣ мекунад. Тарзи афзоиши ин моҳӣ ҳам аз дигар навъи моҳиҳо фарқ дорад. Наринаи аспакмоҳӣ тухмчаҳояшро то ба моҳичаҳо бадал шудан дар халтачаи махсуси дар поёни баданаш ҷойдошта нигоҳ медорад.

0

Оё моҳиҳо дар хушкӣ нафас мегиранд?

Қисми зиёди моҳиҳо дар хушкӣ нафас гирифта наметавонанд, зеро ғалсамаашон оксигени холиро фурӯ бурда наметавонад. Онҳо ҳаворо танҳо аз таркиби об мегиранд. Бинобар ин моҳӣ дар хушкӣ мемирад. Аммо то ҳол се навъи моҳиён боқӣ мондаанд, ки ҳам дар об ва ҳам дар хушкӣ зиндагӣ мекунанд ва онҳоро моҳиҳои дубаҳра меноманд. Онҳо асосан, дар Австралия, Амрикои Ҷанубӣ ва Африқо зиндагӣ мекунанд. Бузургтарин моҳӣ Моҳии калонтарини дунё наҳанги китмонанд ба ҳисоб меравад. Дарозии баданаш 18 метр буда, вазнаш то 15 тонна мерасад. Ин ҷонвари бузургҷуссаи обӣ нисбат ба навъҳои дигари наҳангҳо безарар аст. Он асосан обсабзҳои баҳрӣ ва ҷонварони гуногуни обиро истеъмол мекунад. Наҳанги китмонанд ба одамон чандон хатар надорад ва ба онҳо ҳуҷум намекунад. Дарвин Чарлз Дарвин (1809–1882) табиатшиноси англис аст. Ҳарчанд, дар хурдсолӣ он қадар босавод набуд ва дар бахши тиббии донишкада низ таҳсили хуб надошт, вале ба мавҷудоти зинда завқу ҳаваси хеле зиёд пайдо кард. Дар синни 21-солагӣ дар ҳайати экспедисияи таҳқиқотӣ ба саёҳати Амрикои Ҷанубӣ баромад. Ин саёҳат 5 сол идома ёфт ва Дарвин ба омӯхтани рустаниву ҳайвонот машғул шуд. Натиҷаҳои таҳқиқоти худро ба воситаи мактуб ба профессори донишгоҳи тиббии таҳсилкардааш мефиристод. Профессор онҳоро нашр мекард. Пас аз баргаштан ба ватан, ӯ олими ҳақиқӣ шуд ва соли 1859 асареро бо номи «Пайдоиши навъҳо» чоп кард, ки дар он назарияи эволютсионии ҳаёт дар Замин баён шудааст.

0

Чаро моҳиҳо дар об зиндагӣ мекунанд?

Моҳиҳо низ мисли ҳайвоноти дигар оксигенро нафас мекашанд, аммо онҳо оксигенро на аз ҳаво, балки аз об мегиранд. Барои ин дар сари моҳиҳо узви махсуси нафаскашӣ – ғалсама мавҷуд аст. Ба воситаи даҳон об ба ғалсама меравад ва дар он ҷо оксиген ҷудо шуда, оби боқимонда ба воситаи сӯрохи ғалсама хориҷ мешавад. Ғалсама пулакчаҳои сахтест, ки дар дохилаш рагҳои сершумори хунгузар мавҷуданд. Дар ҷонварҳои дигар вазифаи нафаскаширо шуш иҷро мекунад.

0

Ҳашарот чӣ гуна табдил меёбанд?

Ҳамаи ҳашарот аз тухм мебароянд. Баъзеи онҳо баъди ба дунё омадан шакли бадан ё ҷисмашонро тағйир медиҳанд, ки ин ҷараёнро метаморфоза (таносух) меноманд. Бархе аз ҳашарот метаморфозаи содаро аз сар мегузаронанд: кирмаки аз тухм баромада ба падару модараш монанд аст, вале пари парвоз надорад. Чунин кирмакро зоча мегӯянд. Вай низ монанди ҳашароти бузург хӯрок мехӯрад ва баъди муддате пар мебарорад. Ба ин гурӯҳ нонхӯрак, малах ва чирчиракҳо мисол шуда метавонанд. Вале аксари ҳашарот метаморфозаи пурраро аз сар мегузаронанд. Аз тухм кирмак мебарояду баъди муддате худро дар ғилофак – пилла пинҳон мекунад. Дар ин давраи метаморфоза кирмак ё кирмаки ғилофакдорро зочаи кирмак меноманд. Дар дохил зочаи кирмак ё кирм пурра ба ҳашара табдил ёфта, аз ғилофак берун мебарояд. Ин тарзи инкишоф хосси шапаракҳо, гамбусакҳо, занбӯрҳо, пашшаҳо, мӯрчаҳо ва боз чанд намуди ҳашарот мебошанд.

0

Абрешимро чӣ тавр кашф карданд?

Бори аввал абрешимро чиниҳо чандин аср пеш кашф карданд. Нахҳои абрешимро аз пиллаи кирмакҳои тутхӯр мегиранд, ки дар Чин ин гуна шапаракҳоро махсус парвариш мекарданд. Модакирмак якбора 400 дона тухм мегузорад. Ин тухмчаҳо ба кирмак табдил шуда, дар давоми шаш ҳафта бо барги тут парвариш меёбанд. Баъд аз даҳонашон ғоз бароварда, худро бо он мепечонанд ва пилла ҳосил мешавад. Ҳамин ғозҳои пилла нахи абрешим мебошанд. Барои як килограмм абрешим 5500 пилладона лозим аст. Аввал пиллаҳоро дар об ҷӯшонида, кирмакро нобуд мекунанд ва нӯки ғози пилларо ба ғалтакҳои махсуси пилларесӣ баста, мепечонанд. Баъд нахҳои пилларо ресида, аз он матои абрешимӣ мебофанд. Аз як шакл ба шакли дигар табдил шудани ҳашаротро (аз кирмак ба шапарак) метаморфоза (таносух) меноманд. Кундуз, кирми пилла, занбӯри асал, пашша, мӯрчаҳо ва ғайра ҳамин тавр инкишоф меёбанд.

0

Заҳри каждум дар кадом узваш аст?

Каждумҳо мисли тортанакҳо ҳашт пой доранд. Дар қисми пеши сари онҳо мисли ҳарчанг чангакҳо мавҷуданд, ба воситаи онҳо туъмаи худро дошта мехӯранд. Дар тафовут аз тортанакҳо шикамчаи каждум ба ду қисм ҷудо мешавад. Дар қисми пеш пойҳои каждум ҷойгир шудаанд. Қисми ақиби каждум борику дароз буда, ба сегмент (буғумчаҳо) ҷудо мешавад. Ин қисмати ҷисми каждум мисли дум ба боло бардошта шудааст ва неши заҳрдори вай низ дар ҳамин думаш аст. Каждумҳо аслан дар минтақаҳои хушку гарм зиндагӣ мекунанд. Онҳо рӯзона дар биёбон ва нимбиёбонҳо зери сангу пӯстлохи дарахтон хобида, шабона ба шикор мебароянд ва хӯрокашон, асосан, тортанаку ҳашароти гуногун мебошад. Кирмак – марҳалаи рушди ҳашарот, ки баробари аз тухм баромадан оғоз мешавад. Метаморфоз (таносух) – дигаргунӣ ва тағйири шакли дар давоми ҳаёти баъзе ҳашаротҳо рӯдиҳанда. Масалан, ба зоча табдил ёфтани кирмак. Буғумҳо – қисми бадани бандпойҳо, ки аз буғумҳо иборат буда, бо қабати махсус пӯшонида шудааст.

0

Оё тортанакҳо зарар доранд?

Бисёриҳо аз тортанак ҳазар мекунанд. Аммо дар асл қисми зиёди онҳо барои инсон хатар надоранд ва зиён намерасонанд. Хӯроки онҳо ҳашароти гуногун буда, ба воситаи торҳои часпаки танидаашон онҳоро дошта мехӯранд. Аммо чанд намуди тортанакҳо ҳастанд, ки заҳрдоранд. Бий (ротил) ва модатортанаки сиёҳ аз ин ҷумлаанд. Бий (тарантул) тортанаки калонҷуссаи қаҳваранг аст. Дар шикам ва панҷаҳояш доғҳои сурх дорад. Асосан дар ғорҳо зиндагӣ мекунад ва сайдашро газида заҳролуд менамояд, аммо заҳри он нисбат ба заҳри занбӯр камтаъсиртар аст. Модатортанаки сиёҳ ҳам заҳрдор аст. Хусусан заҳри модатортанаки сиёҳи калонсол марговар аст, вале заҳри тортанаки нарина ва модатортанаки ҷавон он қадар хатарнок нест.

0

Занбӯрҳои асал чӣ гуна зиндагӣ мекунанд?

Занбӯрҳои асал ба тарзи оилавӣ зиндагӣ мекунанд. Як оилаи занбӯр аз чанд гурӯҳ иборат аст, ки ҳар кадоме вазифаи муайянро иҷро мекунад. Занбӯрҳои корӣ (заҳматкаш) аз гулҳо шаҳд ҷамъ мекунанд ва онро ба канду (занбӯрхона)-ҳо рехта, ба асал табдил медиҳанд. Занбӯрҳои сарбоз занбӯрхонаро муҳофизат мекунанд. Нарзанбӯрҳо маликазанбӯрро бордор менамоянд ва ӯ тухм мегузорад. Дар фасли зимистон нарзанбӯрҳо мемиранд, аммо занбӯрҳои корӣ аз асали тайёркардаашон ғизо мегиранд ва зинда мемонанд. Вақте ки ба занбӯр душман таҳдид мекунад, аз паси шикамчааш неши тези заҳролудро бароварда, ӯро мегазад. Аммо ин тарзи муҳофизат ба ивази ҷони худи занбӯр муяссар мегардад, зеро пас аз халондан аз неш маҳрум мешавад ва мемирад. Канду (занбӯрхона) Хонаи занбӯри асал шашкунҷа буда, дар он занбӯр асалу гарди гул ва зоҷаҳояро то калон шудан нигоҳдорӣ мекунад. Агар занбӯрхона аз ҳад зиёд бузург шавад, маликаи нав пайдо гардида, бо қисме аз занбӯрҳо ҷудо шуда, оила ва занбӯрхонаи нав бунёд мекунад.

0

Термитҳо чӣ истеъмол мекунанд?

Термитҳо (арзамурак) монанди мӯрчаҳоянд, вале андозаашон бузургтар аст. Онҳоро мӯрчаҳои сафед низ меноманд. Онҳо дар иқлими гарм зиста, селлюлоза, яъне рустаниҳои хушку тарро истеъмол мекунанд. Баъзе термитҳо дар замин зиста, баргҳои рустаниҳову дарахтонро мехӯранд. Термитҳое ҳастанд, ки хӯрокашон чӯб мебошад, аз ин рӯ ба одамон зиёни ҷиддӣ меоранд. Онҳо дар сутуни хонаҳо ё мебелҳо манзил гузошта, ба харобкорӣ машғул мешаванд. Агар дар хонаи чӯбин термитҳо пайдо шаванд, онҳо метавонанд хонаро вайрон кунанд.

0

Чаро мӯрчаҳо меҳнатдӯстанд?

Агар мо тарзи зиндагии мӯрчаҳоро мушоҳида кунем, мебинем, ки онҳо ҳамеша дар такопӯ ва машғули коранд. Барои зиндагӣ мӯрчаҳо хона месозанд, роҳ мекобанд ва тамоми фасли тобистон аз пайи захира намудани ғизо мешаванд. Дар ин амал онҳо ба ҳамдигар ёрӣ мерасонанд. Мӯрчаҳо мисли занбӯри асал ҳашароти муташаккил мебошанд. Онҳо гурӯҳ-гурӯҳ зиндагӣ мекунанд, ки ҳар як гурӯҳ нақшу вазифаи махсуси худро доранд: яке ғизо ҷамъоварӣ мекунад, дигаре ба зоҷаҳо нигоҳубин менамояд, севвумӣ мӯрчахонаро муҳофизат мекунад ва ғайра. Дар мӯрчахона ҳамагӣ як модармӯрча – малика зиндагӣ мекунад, ки вазифааш танҳо тухм гузоштан аст. Дар оянда аз тухмҳои гузоштаи вай мӯрчаҳои нав пайдо мешаванд.

0

Ҷонварони буғумпой кадомҳоянд?

Буғумпойҳо яке аз гурӯҳҳои сершумори ҳайвоноти рӯи Замин мебошанд. Онҳо дар тамоми қитъаҳо вуҷуд дошта, дар об, ҳаво ва хушкӣ зиндагӣ мекунанд. Сабаби буғумпой ном гирифтани ин қабил ҳайвонот он аст, ки пойҳо ва шохҳояшон аз чандин буғум иборатанд, яъне ҳар як қисми пой ва шохҳояшон ба воситаи буғумҳои зиёд пайваст шудаанд. Ба гурӯҳи буғумпойҳо пашша, шабпарак, кундуз, чилпо ва ҳазорпо, тортанак, харчанг ва ғайра дохил мешаванд. Бадан (ҷисм)-и буғумпойҳо ба чанд қисм ҷудо мешавад, вале барои муҳофизат аз гармӣ ва ҳуҷуми ҳайвоноти дигар онҳо бо пардаи ғафс ва сахт пӯшида шудаанд. Бо вуҷуди ин пардаи ғафс ба ҳаракати онҳо халал намерасонад. Дар рӯи Замин тақрибан миллион намуди буғумпойҳо зиндагӣ мекунанд. Ҳақиқатан, аввалин ҳайвоноти рӯи Замин ҳамин буғумпойҳо будаанд, ки худро барои зиндагӣ дар хушкӣ мутобиқ намудаанд. Онҳоро ҳашарот низ меноманд.

0

Исфанҷ чист?

Исфанҷҳо организми бисёр сода доранд. Онҳо ба сангҳо часпида дар об зиндагӣ мекунанд. Одамони қадим гумон доштанд, ки исфанҷҳо ҷузъи сангҳоянд. Баъдан мушоҳидагарони табиатдӯст дақиқ намуданд, ки онҳо низ монанди ҳайвонот ҷуфт шуда, афзоиш меёбанд. Бадани исфанҷ монанди элак аз сӯрохҳои хурди зиёде иборат мебошад, ки масома ном дорад. Тавассути ин сӯрохҳо об вориди исфанҷ мешаваду ин ҷонвар аз таркиби об оксигену моддаҳои органикии ошомиданиро мемакад. Одамон онҳоро хушк карда, монанди дастмол дар шустушӯ истифода мекунанд. Ғайр аз ин дар таркиби ҷисми исфанҷ моддае мавҷуд аст, ки онро дар тиб ба кор мебаранд. Барои ҳосил кардани 3–4 миллиграми ин дору бояд зиёда аз 2 тонна исфанҷро нобуд сохт.

0

Ҳайвонот ва хусусияти онҳо?

Бешубҳа, ҳар кас медонад, ки саг, гурба, шер, паланг ба олами ҳайвонот мансубанд. Аммо ҳангоме ки сухан дар бораи организмҳои ниҳоят сода меравад, бароямон душвор аст, ки онҳоро ба ҳайвонот мансуб донем ё рустанӣ шуморем. Аз ин ҷиҳат олимон панҷ аломати фарқкунандаи ҳайвонотро аз мавҷудоти дигар муайян намуданд: • Ҳайвонот – организмҳои бисёрҳуҷайраанд. • Тарзи ғизогирии онҳо гетеротрофӣ (гуногуншакл) меноманд, яъне онҳо мавҷудоти зиндаи дигар, аз ҷумла рустаниву ҳайвонотро истеъмол мекунанд. • Онҳо қобилияти ҳаракат карданро доранд. • Онҳо узвҳои ҳис доранд, гармиву рӯшноӣ ва садову рӯйдодҳои муҳитро эҳсос мекунанд. • Афзоиши онҳо асосан, ба воситаи алоқаи ду ҷинс – наринаву модина ба амал меояд. Аммо баъзе намуди ҳайвонҳо хусусияти ҳар ду ҷинсро доранд ва мустақилона афзоиш меёбанд.

0

Нилуфар чӣ гуна рустанӣ аст?

Нилуфари обӣ яке аз рустаниҳои зебоест, ки дар обанбору кӯл ва ҳавзҳо мерӯяд. Нилуфар дар тамоми қитъаҳои рӯи Замин мушоҳида мешавад, вале бештар дар минтақаи Амрикои Ҷанубӣ месабзад. Гули нилуфар тоқа ва хеле калону хушрӯ мебошад. Пояи он ниҳоят дароз буда, ба қаъри об меравад ва решаҳои пурқувват дорад. Аммо баргу гулҳои нилуфар дар рӯи обанд. Азбаски дар баргу пояи нилуфар ҳубобчаҳои зиёди ҳаво мавҷуданд, ин ҳубобчаҳо имкон медиҳанд, ки гулу барги нилуфар ғарқ нашаванд.

0

Таркиби гул аз чӣ иборат аст?

Гул асосан аз косача, ҳолача (гулҷанбари хурд), узви модина ва гардбарг таркиб ёфтааст. Косача аз баргҳои сабзи хурд иборат аст, ки гулҷанбарро иҳота намуда, онро муҳофизат мекунанд. Гулҷанбарҳо аз гулбаргҳои тунук иборат буда, ранги баланд доранд ва маҳз онҳо гулро зебову дилкаш мекунанд. Узвҳои асосии гулҳо узвҳои модина ва гардбаргҳо мебошанд. Дар гардбаргҳо ҳуҷайраҳои мардона мавҷуданд ва онҳо ба узви модинаи гул таъсир расонда, онро бордор мекунанд. Пас аз ин ҳодиса тухм пайдо мешавад ва гул ба мева табдил меёбад.

0

Рустаниҳо чаро гул мекунанд?

Рустаниҳои гулдор дар рӯи Замин назар ба навъҳои дигари рустанӣ хеле дертар пайдо шудаанд ва аз ҷумлаи рустаниҳои инкишофёфта мебошанд. Онҳо тақрибан 100 миллион сол қабл пайдо шудаанд ва имрӯз дар илм қариб 250 000 намуди рустаниҳои гулдор маълуманд. Рустаниҳои гулдор, асосан, дар рӯи Замин мерӯянд, вале баъзе намудҳои онҳо дар об низ дучор мешаванд. Миллионҳо сол пеш рустаниҳо танҳо дар об зиндагӣ мекарданд. Баробари дар рӯи Замин муҳайё шудани шароити ҳаёт ба сатҳи Замин кӯчиданд. Дар онҳо узви афзоиш – гул пайдо шуд. Яъне аз гулҳои рустанӣ тухм ҳосил мешавад ва ба воситаи он рустаниҳо афзоиш меёбанд.

0

Кадом рустаниҳо дар домани кӯҳҳо мерӯянд?

Дар минтақаҳои гармиклиму рутубатнок, ки баландияшон на камтар аз 900 м мебошад, доманкӯҳҳо бо бешазори анбӯҳ пӯшонида шудаанд. Дар кӯҳдоманҳо нахл, лиана (изғич) ва фарн мерӯянд. Дар мавзеъҳои хушку сардтар дар чунин баландиҳо ҷангали дарахтони сӯзанбарг ҷойгиранд. Миёни ин ҷангалҳо марғзор низ ба чашм мерасад, ҷо-ҷо ҳатто дарахтон коҳиш ёфта, шабеҳи нимбиёбонҳо менамоянд. Дар бешазори кӯҳӣ дарахтон чунон ғафс мерӯянд, ки барои алафу буттазорҳо ҷой намемонад. Хосе Мутис Хосе Мутис (1732–1808) файласуф ва ботаники испанӣ мебошад. Соли 1760 вай ба Амрикои Ҷанубӣ сафар кард, то ки дар он ҷо ба корҳои илмию таҳқиқотӣ машғул шавад. Дар оғоз вай расадхона сохт. Баъд экспедисияи илмиеро, ки бояд ҳудуди Колумбияи имрӯзаро меомӯхт, созмон дод. Натиҷаи ин экспедисия гирдоварӣ, шарҳу тафсир ва расмҳои рангаи зиёда аз 7000 намуди рустанӣ буд. Мутаассифона, корҳои илмии Хосе Мутис танҳо соли 1954 ба нашр расиданд. Гулсанг – рустаниҳое мебошанд, ки ҳуҷайраҳои обсабзу занбӯруғро бо ҳам муттаҳид намудаанд. Саҳлаб – рустании тропикие, ки гулҳои рӯшану зебои ғайримуқаррарӣ дорад. Муғҷа – ғунчае, ки дар шохаву танаи рустаниҳо мерӯяду аз онҳо баргҳо месабзанд. Муғҷа – оғози рушду нумӯи рустаниҳост, ки дар найҳояшон пигменти сабзе бо номи хлорофилл доранд. Фотосинтез – ҳангоми фотосинтез энергияи рӯшноии офтоб ба энергия ё неруи кимиёвӣ табдил меёбад. Бо ёрии ин энергияи кимиёвӣ рустаниҳо аз намакҳои минералӣ моддаҳои органикӣ ҳосил мекунанд, ки барои пайдоиш ва ғизои ҳуҷайраҳо унсури асосист. Дар натиҷаи фотосинтез ба атмосфера оксиген хориҷ мешавад, ки барои нафасгирии тамоми мавҷудоти зинда зарур аст.

0

Умри дарахтро чӣ гуна муайян мекунанд?

Дилаи нозуки дарахт, ки дар маркази поя ҷойгир аст, бо пардаи зич иҳота шудааст. Ҳар сол дар фасли баҳор дар рӯи ин парда қабати нав пайдо мешавад. Ин қабатҳо мисли ҳалқа зиёд мешаванд. Агар дарахтро аз пояаш бурем, он гоҳ чунин ҳалқаҳоро мушоҳида мекунем. Шумораи ин ҳалқаҳоро ҳисоб карда, чандсола будани дарахтро муайян карда метавонем. Секвойяҳои бузург Дар иёлати Калифорнияи Амрико бешазорест, ки дар он дарахти аз ҳама бузургу баланди дунё бо ном секвойя (сӯзанбарги ёбоии амрикоӣ) мерӯяд. Онҳо на танҳо аз ҳамаи дарахтон баланданд, балки бисёр дарозумранд. Умри бисёре аз онҳо 2000–3000 сол буда, зиёда аз 100 м баландӣ доранд. Қутр (даври миён)-и онҳо 6–9 метрро ташкил медиҳад. Секвойяро дарахти мамонтӣ низ меноманд.

0