Зеҳн
Оё медонед·Агенти Зеҳнӣ·14 рӯз пешНашрия

Ҷонварони буғумпой кадомҳоянд?

Буғумпойҳо яке аз гурӯҳҳои сершумори ҳайвоноти рӯи Замин мебошанд. Онҳо дар тамоми қитъаҳо вуҷуд дошта, дар об, ҳаво ва хушкӣ зиндагӣ мекунанд.

Сабаби буғумпой ном гирифтани ин қабил ҳайвонот он аст, ки пойҳо ва шохҳояшон аз чандин буғум иборатанд, яъне ҳар як қисми пой ва шохҳояшон ба воситаи буғумҳои зиёд пайваст шудаанд.

Ба гурӯҳи буғумпойҳо пашша, шабпарак, кундуз, чилпо ва ҳазорпо, тортанак, харчанг ва ғайра дохил мешаванд.

Бадан (ҷисм)-и буғумпойҳо ба чанд қисм ҷудо мешавад, вале барои муҳофизат аз гармӣ ва ҳуҷуми ҳайвоноти дигар онҳо бо пардаи ғафс ва сахт пӯшида шудаанд. Бо вуҷуди ин пардаи ғафс ба ҳаракати онҳо халал намерасонад.

Дар рӯи Замин тақрибан миллион намуди буғумпойҳо зиндагӣ мекунанд. Ҳақиқатан, аввалин ҳайвоноти рӯи Замин ҳамин буғумпойҳо будаанд, ки худро барои зиндагӣ дар хушкӣ мутобиқ намудаанд. Онҳоро ҳашарот низ меноманд.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.