Нилуфар чӣ гуна рустанӣ аст?
Нилуфари обӣ яке аз рустаниҳои зебоест, ки дар обанбору кӯл ва ҳавзҳо мерӯяд. Нилуфар дар тамоми қитъаҳои рӯи Замин мушоҳида мешавад, вале бештар дар минтақаи Амрикои Ҷанубӣ месабзад.
Гули нилуфар тоқа ва хеле калону хушрӯ мебошад. Пояи он ниҳоят дароз буда, ба қаъри об меравад ва решаҳои пурқувват дорад. Аммо баргу гулҳои нилуфар дар рӯи обанд. Азбаски дар баргу пояи нилуфар ҳубобчаҳои зиёди ҳаво мавҷуданд, ин ҳубобчаҳо имкон медиҳанд, ки гулу барги нилуфар ғарқ нашаванд.
0
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.




