Чаро мӯрчаҳо меҳнатдӯстанд?
Агар мо тарзи зиндагии мӯрчаҳоро мушоҳида кунем, мебинем, ки онҳо ҳамеша дар такопӯ ва машғули коранд. Барои зиндагӣ мӯрчаҳо хона месозанд, роҳ мекобанд ва тамоми фасли тобистон аз пайи захира намудани ғизо мешаванд. Дар ин амал онҳо ба ҳамдигар ёрӣ мерасонанд.
Мӯрчаҳо мисли занбӯри асал ҳашароти муташаккил мебошанд. Онҳо гурӯҳ-гурӯҳ зиндагӣ мекунанд, ки ҳар як гурӯҳ нақшу вазифаи махсуси худро доранд: яке ғизо ҷамъоварӣ мекунад, дигаре ба зоҷаҳо нигоҳубин менамояд, севвумӣ мӯрчахонаро муҳофизат мекунад ва ғайра. Дар мӯрчахона ҳамагӣ як модармӯрча – малика зиндагӣ мекунад, ки вазифааш танҳо тухм гузоштан аст. Дар оянда аз тухмҳои гузоштаи вай мӯрчаҳои нав пайдо мешаванд.
0
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.




