Рустаниҳо чаро гул мекунанд?
Рустаниҳои гулдор дар рӯи Замин назар ба навъҳои дигари рустанӣ хеле дертар пайдо шудаанд ва аз ҷумлаи рустаниҳои инкишофёфта мебошанд. Онҳо тақрибан 100 миллион сол қабл пайдо шудаанд ва имрӯз дар илм қариб 250 000 намуди рустаниҳои гулдор маълуманд.
Рустаниҳои гулдор, асосан, дар рӯи Замин мерӯянд, вале баъзе намудҳои онҳо дар об низ дучор мешаванд.
Миллионҳо сол пеш рустаниҳо танҳо дар об зиндагӣ мекарданд. Баробари дар рӯи Замин муҳайё шудани шароити ҳаёт ба сатҳи Замин кӯчиданд. Дар онҳо узви афзоиш – гул пайдо шуд. Яъне аз гулҳои рустанӣ тухм ҳосил мешавад ва ба воситаи он рустаниҳо афзоиш меёбанд.
0
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.




