Оё моҳиҳо ҳис карда метавонанд?
Моҳиҳо монанди дигар ҳайвонот муҳити атрофро тавассути узвҳои ҳис дарк мекунанд. Бешак, дар моҳиҳо эҳсоси таъму ломиса рушд ёфтааст. Биниши моҳиҳо ҳам бо шароити зисташон мутобиқ шудааст. Чашмони моҳиҳое, ки дар обҳои амиқ зиндагӣ мекунанд, хеле бузурганд. Чашмони калон имкон фароҳам меоранд, ки онҳо ҳарчи бештар равшании аз моҳиҳои дигар ихроҷ шударо қабул намоянд.
Моҳиҳое, ки дар қаъри уқёнусҳо бидуни рӯшноӣ зиндагӣ мекунанд, аз чашм маҳрум шуда, мавҷҳоро тавассути шунавоӣ дарк мекунанд.
0
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.




