Ҳашарот чӣ гуна табдил меёбанд?
Ҳамаи ҳашарот аз тухм мебароянд. Баъзеи онҳо баъди ба дунё омадан шакли бадан ё ҷисмашонро тағйир медиҳанд, ки ин ҷараёнро метаморфоза (таносух) меноманд. Бархе аз ҳашарот метаморфозаи содаро аз сар мегузаронанд: кирмаки аз тухм баромада ба падару модараш монанд аст, вале пари парвоз надорад. Чунин кирмакро зоча мегӯянд. Вай низ монанди ҳашароти бузург хӯрок мехӯрад ва баъди муддате пар мебарорад.
Ба ин гурӯҳ нонхӯрак, малах ва чирчиракҳо мисол шуда метавонанд. Вале аксари ҳашарот метаморфозаи пурраро аз сар мегузаронанд. Аз тухм кирмак мебарояду баъди муддате худро дар ғилофак – пилла пинҳон мекунад. Дар ин давраи метаморфоза кирмак ё кирмаки ғилофакдорро зочаи кирмак меноманд. Дар дохил зочаи кирмак ё кирм пурра ба ҳашара табдил ёфта, аз ғилофак берун мебарояд. Ин тарзи инкишоф хосси шапаракҳо, гамбусакҳо, занбӯрҳо, пашшаҳо, мӯрчаҳо ва боз чанд намуди ҳашарот мебошанд.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.




