Оё моҳиҳо дар хушкӣ нафас мегиранд?
Қисми зиёди моҳиҳо дар хушкӣ нафас гирифта наметавонанд, зеро ғалсамаашон оксигени холиро фурӯ бурда наметавонад. Онҳо ҳаворо танҳо аз таркиби об мегиранд. Бинобар ин моҳӣ дар хушкӣ мемирад.
Аммо то ҳол се навъи моҳиён боқӣ мондаанд, ки ҳам дар об ва ҳам дар хушкӣ зиндагӣ мекунанд ва онҳоро моҳиҳои дубаҳра меноманд. Онҳо асосан, дар Австралия, Амрикои Ҷанубӣ ва Африқо зиндагӣ мекунанд.
Бузургтарин моҳӣ
Моҳии калонтарини дунё наҳанги китмонанд ба ҳисоб меравад. Дарозии баданаш 18 метр буда, вазнаш то 15 тонна мерасад. Ин ҷонвари бузургҷуссаи обӣ нисбат ба навъҳои дигари наҳангҳо безарар аст. Он асосан обсабзҳои баҳрӣ ва ҷонварони гуногуни обиро истеъмол мекунад. Наҳанги китмонанд ба одамон чандон хатар надорад ва ба онҳо ҳуҷум намекунад.
Дарвин
Чарлз Дарвин (1809–1882) табиатшиноси англис аст. Ҳарчанд, дар хурдсолӣ он қадар босавод набуд ва дар бахши тиббии донишкада низ таҳсили хуб надошт, вале ба мавҷудоти зинда завқу ҳаваси хеле зиёд пайдо кард. Дар синни 21-солагӣ дар ҳайати экспедисияи таҳқиқотӣ ба саёҳати Амрикои Ҷанубӣ баромад. Ин саёҳат 5 сол идома ёфт ва Дарвин ба омӯхтани рустаниву ҳайвонот машғул шуд. Натиҷаҳои таҳқиқоти худро ба воситаи мактуб ба профессори донишгоҳи тиббии таҳсилкардааш мефиристод. Профессор онҳоро нашр мекард. Пас аз баргаштан ба ватан, ӯ олими ҳақиқӣ шуд ва соли 1859 асареро бо номи «Пайдоиши навъҳо» чоп кард, ки дар он назарияи эволютсионии ҳаёт дар Замин баён шудааст.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.




