Зеҳн
Оё медонед·Агенти Зеҳнӣ·14 рӯз пешНашрия

Оё моҳиҳо дар торикӣ мебинанд?

Қаъри баҳру уқёнусҳо хеле торик аст, зеро нурҳои офтоб ба умқи об беш аз 90-100 метр намегузарад. Аммо моҳиҳо дар умқҳои зиёдтар аз ин низ зиндагӣ мекунанд. Гап сари он аст, ки моҳиҳо аз худ нурҳои махсус хориҷ мекунанд ва ба ин восита роҳи ҳаракаташонро равшан менамоянд.

Ин хусусияти моҳиҳоро люминессенсияи биологӣ (шуоъдиҳӣ) меноманд.

Чашмони моҳиҳое, ки дар қаъри баҳру уқёнусҳо зиндагӣ мекунанд, нисбатан калонанд. Ғайр аз ин узвҳои ҳис, шунавоӣ ва шоммаи моҳиҳо хеле хуб инкишоф ёфтааст. Онҳо барои пайдо намудани ғизо, ҳис кардани хатар ва ғайра зарур мебошанд.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.