Занбӯрҳои асал чӣ гуна зиндагӣ мекунанд?
Занбӯрҳои асал ба тарзи оилавӣ зиндагӣ мекунанд. Як оилаи занбӯр аз чанд гурӯҳ иборат аст, ки ҳар кадоме вазифаи муайянро иҷро мекунад. Занбӯрҳои корӣ (заҳматкаш) аз гулҳо шаҳд ҷамъ мекунанд ва онро ба канду (занбӯрхона)-ҳо рехта, ба асал табдил медиҳанд. Занбӯрҳои сарбоз занбӯрхонаро муҳофизат мекунанд. Нарзанбӯрҳо маликазанбӯрро бордор менамоянд ва ӯ тухм мегузорад. Дар фасли зимистон нарзанбӯрҳо мемиранд, аммо занбӯрҳои корӣ аз асали тайёркардаашон ғизо мегиранд ва зинда мемонанд. Вақте ки ба занбӯр душман таҳдид мекунад, аз паси шикамчааш неши тези заҳролудро бароварда, ӯро мегазад. Аммо ин тарзи муҳофизат ба ивази ҷони худи занбӯр муяссар мегардад, зеро пас аз халондан аз неш маҳрум мешавад ва мемирад.
Канду (занбӯрхона)
Хонаи занбӯри асал шашкунҷа буда, дар он занбӯр асалу гарди гул ва зоҷаҳояро то калон шудан нигоҳдорӣ мекунад. Агар занбӯрхона аз ҳад зиёд бузург шавад, маликаи нав пайдо гардида, бо қисме аз занбӯрҳо ҷудо шуда, оила ва занбӯрхонаи нав бунёд мекунад.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.




