Кадом рустаниҳо дар домани кӯҳҳо мерӯянд?
Дар минтақаҳои гармиклиму рутубатнок, ки баландияшон на камтар аз 900 м мебошад, доманкӯҳҳо бо бешазори анбӯҳ пӯшонида шудаанд. Дар кӯҳдоманҳо нахл, лиана (изғич) ва фарн мерӯянд.
Дар мавзеъҳои хушку сардтар дар чунин баландиҳо ҷангали дарахтони сӯзанбарг ҷойгиранд. Миёни ин ҷангалҳо марғзор низ ба чашм мерасад, ҷо-ҷо ҳатто дарахтон коҳиш ёфта, шабеҳи нимбиёбонҳо менамоянд. Дар бешазори кӯҳӣ дарахтон чунон ғафс мерӯянд, ки барои алафу буттазорҳо ҷой намемонад.
Хосе Мутис
Хосе Мутис (1732–1808) файласуф ва ботаники испанӣ мебошад. Соли 1760 вай ба Амрикои Ҷанубӣ сафар кард, то ки дар он ҷо ба корҳои илмию таҳқиқотӣ машғул шавад. Дар оғоз вай расадхона сохт. Баъд экспедисияи илмиеро, ки бояд ҳудуди Колумбияи имрӯзаро меомӯхт, созмон дод. Натиҷаи ин экспедисия гирдоварӣ, шарҳу тафсир ва расмҳои рангаи зиёда аз 7000 намуди рустанӣ буд. Мутаассифона, корҳои илмии Хосе Мутис танҳо соли 1954 ба нашр расиданд.
Гулсанг – рустаниҳое мебошанд, ки ҳуҷайраҳои обсабзу занбӯруғро бо ҳам муттаҳид намудаанд.
Саҳлаб – рустании тропикие, ки гулҳои рӯшану зебои ғайримуқаррарӣ дорад.
Муғҷа – ғунчае, ки дар шохаву танаи рустаниҳо мерӯяду аз онҳо баргҳо месабзанд. Муғҷа – оғози рушду нумӯи рустаниҳост, ки дар найҳояшон пигменти сабзе бо номи хлорофилл доранд.
Фотосинтез – ҳангоми фотосинтез энергияи рӯшноии офтоб ба энергия ё неруи кимиёвӣ табдил меёбад. Бо ёрии ин энергияи кимиёвӣ рустаниҳо аз намакҳои минералӣ моддаҳои органикӣ ҳосил мекунанд, ки барои пайдоиш ва ғизои ҳуҷайраҳо унсури асосист. Дар натиҷаи фотосинтез ба атмосфера оксиген хориҷ мешавад, ки барои нафасгирии тамоми мавҷудоти зинда зарур аст.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.




