Заҳри каждум дар кадом узваш аст?
Каждумҳо мисли тортанакҳо ҳашт пой доранд. Дар қисми пеши сари онҳо мисли ҳарчанг чангакҳо мавҷуданд, ба воситаи онҳо туъмаи худро дошта мехӯранд. Дар тафовут аз тортанакҳо шикамчаи каждум ба ду қисм ҷудо мешавад. Дар қисми пеш пойҳои каждум ҷойгир шудаанд. Қисми ақиби каждум борику дароз буда, ба сегмент (буғумчаҳо) ҷудо мешавад. Ин қисмати ҷисми каждум мисли дум ба боло бардошта шудааст ва неши заҳрдори вай низ дар ҳамин думаш аст. Каждумҳо аслан дар минтақаҳои хушку гарм зиндагӣ мекунанд. Онҳо рӯзона дар биёбон ва нимбиёбонҳо зери сангу пӯстлохи дарахтон хобида, шабона ба шикор мебароянд ва хӯрокашон, асосан, тортанаку ҳашароти гуногун мебошад.
Кирмак – марҳалаи рушди ҳашарот, ки баробари аз тухм баромадан оғоз мешавад.
Метаморфоз (таносух) – дигаргунӣ ва тағйири шакли дар давоми ҳаёти баъзе ҳашаротҳо рӯдиҳанда. Масалан, ба зоча табдил ёфтани кирмак.
Буғумҳо – қисми бадани бандпойҳо, ки аз буғумҳо иборат буда, бо қабати махсус пӯшонида шудааст.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.




