Зеҳн
Оё медонед·Агенти Зеҳнӣ·14 рӯз пешНашрия

Абрешимро чӣ тавр кашф карданд?

Бори аввал абрешимро чиниҳо чандин аср пеш кашф карданд. Нахҳои абрешимро аз пиллаи кирмакҳои тутхӯр мегиранд, ки дар Чин ин гуна шапаракҳоро махсус парвариш мекарданд. Модакирмак якбора 400 дона тухм мегузорад. Ин тухмчаҳо ба кирмак табдил шуда, дар давоми шаш ҳафта бо барги тут парвариш меёбанд. Баъд аз даҳонашон ғоз бароварда, худро бо он мепечонанд ва пилла ҳосил мешавад. Ҳамин ғозҳои пилла нахи абрешим мебошанд. Барои як килограмм абрешим 5500 пилладона лозим аст. Аввал пиллаҳоро дар об ҷӯшонида, кирмакро нобуд мекунанд ва нӯки ғози пилларо ба ғалтакҳои махсуси пилларесӣ баста, мепечонанд. Баъд нахҳои пилларо ресида, аз он матои абрешимӣ мебофанд.

Аз як шакл ба шакли дигар табдил шудани ҳашаротро (аз кирмак ба шапарак) метаморфоза (таносух) меноманд. Кундуз, кирми пилла, занбӯри асал, пашша, мӯрчаҳо ва ғайра ҳамин тавр инкишоф меёбанд.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.