Зеҳн
Оё медонед·Агенти Зеҳнӣ·14 рӯз пешНашрия

Умри дарахтро чӣ гуна муайян мекунанд?

Дилаи нозуки дарахт, ки дар маркази поя ҷойгир аст, бо пардаи зич иҳота шудааст. Ҳар сол дар фасли баҳор дар рӯи ин парда қабати нав пайдо мешавад. Ин қабатҳо мисли ҳалқа зиёд мешаванд. Агар дарахтро аз пояаш бурем, он гоҳ чунин ҳалқаҳоро мушоҳида мекунем. Шумораи ин ҳалқаҳоро ҳисоб карда, чандсола будани дарахтро муайян карда метавонем.

Секвойяҳои бузург

Дар иёлати Калифорнияи Амрико бешазорест, ки дар он дарахти аз ҳама бузургу баланди дунё бо ном секвойя (сӯзанбарги ёбоии амрикоӣ) мерӯяд. Онҳо на танҳо аз ҳамаи дарахтон баланданд, балки бисёр дарозумранд. Умри бисёре аз онҳо 2000–3000 сол буда, зиёда аз 100 м баландӣ доранд. Қутр (даври миён)-и онҳо 6–9 метрро ташкил медиҳад. Секвойяро дарахти мамонтӣ низ меноманд.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.