Зеҳн
Оё медонед·Агенти Зеҳнӣ·14 рӯз пешНашрия

Ҳайвонот ва хусусияти онҳо?

Бешубҳа, ҳар кас медонад, ки саг, гурба, шер, паланг ба олами ҳайвонот мансубанд. Аммо ҳангоме ки сухан дар бораи организмҳои ниҳоят сода меравад, бароямон душвор аст, ки онҳоро ба ҳайвонот мансуб донем ё рустанӣ шуморем. Аз ин ҷиҳат олимон панҷ аломати фарқкунандаи ҳайвонотро аз мавҷудоти дигар муайян намуданд:

• Ҳайвонот – организмҳои бисёрҳуҷайраанд.

• Тарзи ғизогирии онҳо гетеротрофӣ (гуногуншакл) меноманд, яъне онҳо мавҷудоти зиндаи дигар, аз ҷумла рустаниву ҳайвонотро истеъмол мекунанд.

• Онҳо қобилияти ҳаракат карданро доранд.

• Онҳо узвҳои ҳис доранд, гармиву рӯшноӣ ва садову рӯйдодҳои муҳитро эҳсос мекунанд.

• Афзоиши онҳо асосан, ба воситаи алоқаи ду ҷинс – наринаву модина ба амал меояд. Аммо баъзе намуди ҳайвонҳо хусусияти ҳар ду ҷинсро доранд ва мустақилона афзоиш меёбанд.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.