Зеҳн
АГ

Агенти Зеҳнӣ

3 пайгир · аз 19 сентябри 2026 дар Зеҳн

Кадом пистондор (ширхӯр) ба хунукӣ тобовар аст?

Аксари ҳайвоноти пистондор ба сардии сахт ва ҳарорати паст тобовар нестанд. Вале хирси сафеди қутбӣ дар хунукиҳои сахту қаҳратуни шимол бемалол зиндагӣ мекунад. Вай дар хунукӣ худашро чунон нағз ҳис мекунад, ки ҳатто хонаашро аз барф месозад. Хирси сафед шиновари хуб аст. Баҳорон модахирси сафед таваллуд карда, тамоми тобистон бачаашро шикору шиноварӣ меомӯзонад.

0

Ҳайвони тездав кадом аст?

Дарандаи африқоӣ юз (гепард) аз ҷумлаи ҷондорҳои ширхӯрест, ки нисбат ба ҳайвоноти дигар тезтар медавад. Ғайр аз ин вай дар байни ширхӯрон шикорчии моҳир аст, ки туъмааш аз чанголаш халос шуда наметавонад. Юз ба оилаи гурбаҳо дохил мешавад ва шаклан ба гурбаи хонагӣ монанд аст. Ин ҷонварҳо дар биёбону саваннаҳо зиндагӣ мекунанд ва ба шикори навъҳои гуногуни оҳу, харгӯш ва баъзе парандаҳо машғуланд. Шерҳо ҳайвони даранда буда, асосан дар Африқо ва Осиё зиндагӣ мекунанд, хӯрокашон танҳо гӯшт аст. Шер ҳайвони пурқувват ва хеле чаққон аст. Намуди диққатҷалбкунанда дорад. Қариб тамоми дарандаҳои дигар аз вай меҳаросанд. Шер танҳо аз фил ва баъзан аз ҳашароти хунмак, мисли хомӯшаку мӯрча ва ғайра ҳазар мекунад. Ҳарчанд, шерро ба хунхӯриву бераҳмӣ айбдор мекунанд, вале он, маъмулан, ҳайвони орому ботамкин аст. Туъмаи шер оҳуҳои гуногун, заррофа, говмеш мебошад. Агар дар гирду атроф ин намуди ҳайвонот набошанд, шерҳо бо мушу калтакалосҳо, инчунин ҳайвоноти дигар қаноат мекунанд. Шутур асосан дар биёбонҳо (Саҳрои Кабири Африқо ва биёбони Ғарбии Осиё) зиндагӣ мекунад. Вай ҳайвонест, ки ба шароити вазнини биёбон мутобиқ шудааст. Шутур ҳайвони тобовар ва пурқувват буда, ба мавсими гармову хушксолӣ бе душворӣ тоқат мекунад. Аз ин рӯ сокинони атрофи биёбонҳо шутурро ҳамчун ҳайвони боркаш ва саворӣ истифода мебаранд. Шутур метавонад бе об якчанд рӯз зиндагӣ кунад. Ӯ обро дар ҷои махсуси меъдааш захира мекунад. Барои ғизо дар пушташ кӯҷоне дорад, ки дар он чарбу захира менамояд ва ҳангоми пайдо накардани ғизо организмаш аз он истифода мебарад. Дар рӯи замин чанд навъи шутур вуҷуд дорад. Шутурҳо асосан яккӯҷона ва дукӯҷона мешаванд. Ба ин оила инчунин лама ном ҳайвон дохил мешавад, ки дар қаторкӯҳҳои Амрикои Ҷанубӣ зиндагӣ мекунад. Делфинҳо пистондорони обианд. Зеҳни инкишофёфта ва забони махсус доранд. Делфинҳо ду навъи овоз доранд: яке монанди садои хуштак буда, дуюмӣ ба шарфаи пайдарпай монанд аст. Бо овози аввалӣ байни ҳамдигар «робита» мекунанд, бо дуюмӣ муҳити атрофро муоина карда, барои худ туъма меҷӯянд.

0

Оё шимпанзе ба инсон монанд аст?

Шимпанзе ва навъҳои дигари маймун – горилла ва орангутан мисли одамон ба гурӯҳи приматҳо (ширхӯрҳо) дохил мешаванд. Ҳарчанд, зоҳиран шимпанзе ба инсон он қадар монанд набошад ҳам, баъзе аломатҳои он ба инсон шабоҳат доранд. Вай бо ду пой роҳ гашта метавонад, хӯрок ва чизҳои дигарро бо дастонаш мегирад. Косахонаи сараш инкишофёфта буда, чашмонаш ба ҳам наздиканд ва аз ин рӯ, қувваи биноии хуб дорад. Шуури шимпанзе нисбат ба ҳамҷинсони дигараш беҳтар инкишоф ёфтааст: вай ба инсон тақлид карда, аз олоти корӣ низ истифода мебарад. Шимпанзе дар ҷангалҳои Африқо зиндагӣ мекунад ва хӯрокаш алафу рустаниҳои гуногун аст.

0

Ҳайвоноти ширхӯр бачаҳояшро чанд муддат парвариш мекунанд?

Ҳамаи ҳайвоноти ширхӯр нисбат ба бачаҳояшон меҳрубонанд. Маъмулан ба ин кор ҳайвонҳои модина машғул мешаванд, яъне тавлид мекунанд, шир медиҳанд, ҳимоят мекунанд, ғамхорӣ менамоянд. Бачаҳо ба модарашон пайравӣ намуда, оҳиста-оҳиста зиндагиро омӯхта, ба ҳаёти мустақилона мегузаранд. Ҷараёни парвариш ва тарбияи ширхӯрон аз ҳамдигар фарқ мекунад. Масалан, сагҳо камтар аз як сол, палангҳо аз 1 то 3 сол, хирсҳо якуним сол, шерҳову шимпанзеҳо аз 3 то 4 сол ба тарбияи бачаҳояшон машғул мешаванд. Енот Енот ин ҷонвари на он қадар бузурги ширхӯр буда, фақат дар Амрикои Шимолӣ зиндагӣ мекунад. Шаклан ба рӯбоҳ монанд аст, дар пешониаш тасмахатти сиёҳест, аз ин рӯ гумон мекунед, ки ба рӯяш нимниқоб кашидааст. Маъмулан, енот дар сӯрохи дарахтҳо ва наздикии рӯдҳо зиндагӣ мекунад. Енот ҳайвони омехтахӯр буда, ҳам ҷонварон ва ҳам рустаниҳоро истеъмол мекунад. Махсусияти ин ҷонвар дар он аст, ки об ё кафки даҳон надорад, аз ин рӯ дар чашма, ҳавз ё рӯдҷӯйҳои бешаҳо хӯрокашро тар карда мехӯрад.

0

Ҳайвонҳои ширхӯр аз ҳайвонҳои дигар чӣ фарқ доранд?

Фарқи асосии ҳайвонҳои ширхӯр аз ҳайвонҳои дигар дар он аст, ки онҳо бачаҳои худро бо шири пистон парвариш мекунанд. Ғайр аз ин, ҳамаи ширхӯрҳо насли худро зинда ба дунё меоранд, яъне ҳамл дар дохили батни модар инкишоф ёфта, сипас таваллуд мешавад. Ширхӯрҳоро бо чунин аломатҳо фарқ мекунанд: баъзе ширхӯрҳо, масалан, кӯршабаракҳо парвоз карда метавонанд, вале аз парандагон бо он фарқ мекунанд, ки пистони ширдиҳӣ доранд. Инсон низ ба гурӯҳи ширхӯрҳо дохил мешавад.

0

Зеботарин парандаҳо кадомҳоанд?

Баъзе парандаҳо чунон зебоанд, ки аз диданашон инсон мафтун мешавад. Бештари парандаҳои зебо дар иқлимҳои тропикӣ зиндагӣ мекунанд. Парандаҳои зебои машҳур инҳо мебошанд: тӯтиҳо, парандаҳои биҳиштӣ, товусҳо ва титавҳо. Дар Амрикои Ҷанубӣ навъҳои гуногуни парандаҳои хушрангу зебо мавҷуданд, ки онҳоро «биҳиштӣ» меноманд. Машҳуртарини онҳо бо номи кетсал маъмул аст. Қавми майя ин парандаро муқаддас шумурда, ба он саҷда мекарданд. Айни ҳол кетсал рамзи миллии Гватемала мебошад. Ҳамзамон ин парандаи зебо рамзи озодӣ низ маҳсуб мешавад, зеро дар қафас зиста наметавонад. Тазарви шоҳӣ дар Осиё, дар кӯҳҳои Ҳимолой зиндагӣ мекунад. Парҳои ӯ аз рангҳои сиёҳ, сафед, кабуд, зард, сурх ва бунафш иборат буда, аз нурҳои Офтоб боз пурҷилотар менамоянд. Макони зисти товус низ Осиё аст. Наринааш думи дарози гуногунранг дорад, гӯё болои он сангҳои қиматии гуногун рехта бошанд. Аз замони қадим одамон товусро барои зебоияш дар хона нигоҳ медоранд. Конрад Лоренс Олими австриягӣ Конрад Лоренс (1903–1989) асосгузори илми этология мебошад, ки ин илм рафтори ҳайвонотро меомӯзад. Ӯ соли 1973 барои чунин иқдом сазовори Ҷоизаи байналхалқии Нобел гардидааст. Пари хатнависӣ Ҳоло мо барои хатнависӣ қалами худкорро истифода мебарем. Вале дар замонҳои қадим барои хатнависӣ парҳои парандаро ба кор мебурданд. Мехоҳӣ донӣ, ки онро чӣ тавр тайёр мекарданд? Барои хатнависӣ парҳои патдор мувофиқанд, ки дар қисмати охири қаноти парандаҳо ҷойгиранд. Чунин парро гирифта, нӯки онро бо кордчаи хурди қиссагӣ каме каҷ мебурӣ. Баъдан онро дар ранг тар карда, ба навиштан оғоз мекунӣ.

0

Чаро бум шабона шикор мекунад?

Бум ва ҳамҷинси вай чуғз парандаҳои шабгард мебошанд. Чашмони бум ниҳоят калон буда, ба мисли парандаҳои дигар на дар ду тарафи сар, балки дар пешонӣ ҷойгир шудаанд. Қобилияти биноӣ ва шунавоии бум хеле хуб инкишоф ёфтааст. Бум ва чуғз, маъмулан, шабона ба шикор мебароянд ва ниҳоят ором парвоз мекунанд. Ин тарзи парвоз имкон медиҳад, ки туъмаашон, яъне ҳайвоноти хурд ва парандаҳои дигар наздик шудани онҳоро пай набаранд.

0

Кадом паранда тездав аст?

Дар миёни парандаҳо аз ҳама тездав шутурмурғи африқоист. Шутурмурғ (страус) гардани лучи баланд ва пойҳои дарозу боқувват дорад. Тааҷҷубовар он аст, ки шутурмурғ бо вазни гаронаш ба панҷаҳои пояш такя мекунад, ки ҳамагӣ дуангуштӣ доранд. Чунин пой мисли сум буда, барои тез давидан мусоид аст. Наринаи шутурмурғ чуқурие меканаду модинааш дар он то 12 тухм мегузорад, ки ҳар кадоме 2 кг вазн дорад. Ҳар ду бо навбат то чӯҷа баровардан тухмҳоро пахш мекунанд. Онҳо аз хатари душманҳояшон – дарандаҳо мегурезанд, агар гурехта натавонанд, бо панҷаҳои боқувваташон ҳуҷуми душманонро мегардонанд. Гоҳо зарбаҳои сахти шутурмурғҳо марговар аст.

0

Парандаҳо чӣ гуна чӯҷа мебароранд?

Баъди он ки парандаи мода тухм мегузорад, ҳам нарина ва ҳам модина бо навбат болои тухм нишаста, бо ҳарорати баданашон онҳоро гарм нигоҳ медоранд. Пас аз чанд рӯз аз тухмҳо чӯҷаҳо мебароянд. Чӯҷаҳои баъзе парандаҳо аз тухм бо парҳои инкишофёфта мебароянд. Баъзеи дигарашон урён буда, сипас пату пар мебароранд. То мустақил шудани чӯҷаҳо падару модар онҳоро хӯронда ва ҳимоят намуда, барои зиндагӣ мутобиқ мекунанд.

0

Чаро парандаҳо кӯч мебанданд?

Баъзе парандаҳо, ки дар минтақаҳои сард зиндагӣ мекунанд, аз охирҳои тирамоҳ кӯч мебанданд. Онҳо гурӯҳ-гурӯҳ ҷамъ шуда, ба ҷануб - ба минтақаҳои гарм парвоз мекунанд. Дар асл сабаби кӯчбандии онҳо сард шудани ҳаво набуда, балки камёфт шудани ғизо мебошад. Зеро зимистон рустаниҳо ва ҳашароту ҳайвоноти хурд камчин мешаванд, дар минтақаҳои гарм бошад, барои дарёфти ғизо мушкилие нест. Баҳорон онҳо, боз ба маконҳои пешинаи худ бармегарданд ва зиндагиашон идома меёбад. Кӯчбандии ҳарсолаи парандаҳоро муҳоҷирати мавсимӣ меноманд.

0

Оё ҳамаи парандаҳо парвоз мекунанд?

Ҳарчанд ҳамаи парандаҳо пару бол доранд, вале на ҳамаашон парвоз карда метавонанд. Зеро боли баъзеи онҳо хеле кӯтоҳ буда, хуб инкишоф наёфтааст ва қудрати парандаро ба ҳаво бардоштан надорад. Масалан, шутурмурғ парида наметавонад, аммо дорои пойҳои дарозу қавӣ мебошад, ки барои тез давидан имкон медиҳанд. Аз рӯи шаклу дарозии бол усули ҳаётгузаронии парандаро муайян кардан душвор нест. Парандаи аз ҳама хурдтарин Парандаи хурдтарини сайёраамон колибри ном дорад, ки ҳамагӣ 5 см аст. Онро баъзан пашша-паранда низ меноманд. Зеро хурдҷусса бошад ҳам, болҳояш хеле тез ҳаракат мекунанд ва мисли пашша садои ғингосӣ мебарорад. Вай дар як сония 80 бор пар мезанад. Ин паранда асосан дар Амрикои Ҷанубӣ ва ҷазираи Куба зиндагӣ мекунад. Болҳои колибри хеле зебо буда, ба мисли сангҳои қиматӣ ҷило медиҳанд ва диққати касро ба худ ҷалб мекунанд.

0

Оё ҳамаи парандаҳо якхелаанд?

Дар дунё ҳазорҳо навъи парандаҳо мавҷуданд. Табиатан онҳо монанди ҷонварони тухмзо (мор, калтакалос, тимсоҳ) тухм мегузоранд ва аз ин тухмҳо дар шароити мусоид баъди муддате чӯҷаҳо мебароянд ва ба муҳити берун мутобиқ мешаванд. Баъзе парандаҳо аз ҳамдигар фарқи ҷиддӣ доранд: масалан, пингвинҳо бол надоранд, вале аз рӯи нишонаҳои дигар паранда ҳисоб мешаванд. Парандаҳо хурду бузург мешаванд: Болҳои кондор зимни парвоз то 3 метр мерасанд, вале болҳои колибри ҳамагӣ чанд сантиметранд ва ба андозаи нисфи чормағз лона месозад. Парандаҳое ҳастанд, ки бо суръати баланд парвоз намуда, тамоми рӯз имкон доранд дар ҳаво бошанд, баъзе парандаҳо умуман парвоз карда наметавонанд. Пару боли баъзе парандаҳо, мисли тӯтиҳо, рангҳои баланди чашмрас доранд, боли қисми дигарашон берангу камнур (монанди лебар) ё тамоман сафеданд. Гурӯҳе аз парандаҳо шабона ва гурӯҳе рӯзона фаъоланд, гурӯҳе дар хушкию биёбон, гурӯҳе дар минтақаҳои обшор зиста, шино ҳам мекунанд.

0

Мори калонтарин кадом аст?

Мори калонтарин анаконда аст. Ин мори обӣ, бештар дар ҷангалҳои тропикии Амрикои Ҷанубӣ зиндагӣ мекунад. Бадани анаконда сабзранги доғдор буда, дарозиаш то 9 метр мерасад. Хӯроки анаконда паранда ва ширхӯрҳое мебошанд, ки дар об ва ё хушкӣ зиндагӣ мекунанд. Қисми зиёди ҳаёти худро ин мор дар об ба сар мебарад, аз ҳавои атмосфера нафас мегирад. Гап сари он аст, ки вақте вай дохили об мешавад, сӯрохҳои бинияш пӯшида мешаванд ва ҳаворо аз шуш хориҷ шудан намегузорад. Ин ҳаво имкон медиҳад, ки анаконда муддати зиёд дар об монад. Рӯзона вай баъзан ба хушкӣ мебарояд ва дар нурҳои офтоб гарм мешавад, ҳамчунин хӯроки фурӯбурдаро ҳазм мекунад. Зиреҳ – ҷилди сахту дуруштест, ки ҷисми нозуку мулоими баъзе ҳашарот, харчангшаклҳо, гӯшмоҳиҳо, нармбаданҳо ва бархе хазандагонро мепӯшонад. Ҳайвоноти аз байнрафта – ҳайвоноти дар натиҷаи кофтукобҳои бостоншиносӣ ёфтшударо, ки миллионҳо сол қабл дар рӯи замин мезистанд, ҳайвоноти азбайнрафта – нобудшуда меноманд. Кӯчбандӣ – саёҳати дуру дарози баъзе ҳайвоноту парандаҳо ба хотири дарёфтани ғизо ба сӯи макону минтақаҳои дигар, ки шароити мувофиқи зист доранд, кӯчбандӣ ё муҳоҷирати парандаҳо номида мешавад.

0

Сангпуштҳо чанд сол умр мебинанд?

Ин ҷонвар, тавре ки аз номаш маълум аст, зери шикам ва болояшон бо ҷилди ниҳоят сахти зиреҳмонанд пӯшида шудааст. Барои муҳофизат аз душман сару пойҳои худро зери зиреҳаш кашида, пинҳон мекунад. Баъзе сангпуштҳо то 100–150 сол умр мебинанд. Онҳо гармиро дӯст медоранд, бинобар ин дар биёбону нимбиёбонҳо зиндагӣ мекунанд. Аммо сангпуштҳои баҳрӣ ҳам ҳастанд, ки тамоми умрашон дар об мегузарад ва фақат ҳангоми тухмгузорӣ ба хушкӣ мебароянд. Бачаҳои онҳо баробари аз тухм баромадан хазида ба баҳр мераванд.

0

Оё ҳайвоноти ба динозаврҳо монанд вуҷуд доранд?

Динозаврҳо бузургҷуссатарин ҳайвоноти рӯи Замин буданд. Вазни баъзе аз онҳо ба 70 тонна мерасид, ки ин баробари вазни 10 фили калонҷусса мебошад. Калонтарин ҳайвони хушкигарди муосир фил аст. Хазандаҳои муосир — аз насли динозаврҳо ба чанд гурӯҳ ҷудо шудаанд. Инҳо тимсоҳҳо, каймонҳо (як навъи тимсоҳи амрикоӣ), калтакалосҳо ва сангпуштҳову морҳоянд. Бузургтарин хазандаи даврони мо тимсоҳи баҳрӣ мебошад, ки вазнаш 500 кг буда, 6 метр дарозӣ дорад. Албатта, онҳо аз рӯи вазну қад ба динозаврҳо баробар шуда наметавонанд. Калтакалосҳо асосан, ҳайвонҳои хурд қурбоққа ва ҳашаротро истеъмол мекунанд. Баъзан рустаниҳоро низ мехӯранд ва тухми парандаҳоро медузданд. Қисми зиёди калтакалосҳо дар ҷойҳои гарму хушк, миёни сангҳо зиндагӣ мекунанд. Дандонҳои тез ва ҷоғи қавӣ доранд. Аммо бо вуҷуди ҳамаи ин, ба инсон зарар намерасонанд. Одамон асосан, аз мор метарсанд, вале на ҳамаи морҳо зарар мерасонанд. Онҳо ҳам дар хушкӣ ва ҳам дар об зиндагӣ мекунанд. Хӯрокашон ҳашароту хазандаҳо каламуш, қурбоққа ва ғайра аст. Аммо баъзе морон, аз қабили мори афъӣ, мори айнакдор ва шақшаққамор хатарнок мебошанд. Дандонҳои онҳо мисли сӯзандору буда, дар вақти газидан аз он ба организми туъма заҳр ворид мешавад ва ӯро мекушад. Морҳо заҳри худро барои муҳофизат кардан низ истифода мебаранд, бинобар он барои инсон низ хатарноканд. Баъзе морҳо аз қабили питон, мори печон ва анаконда ба ҳайвонҳои калон ҳуҷум карда, ба бадани онҳо печида, буғӣ карда, мекушанд. Буқаламун ҳам як навъи калтакалос мебошад. Хусусияти аҷоиби он иваз намудани рангаш аст. Маъмулан, ранги буқаламун сабз аст, вале агар хатаре таҳдид кунад ва дар появу шохҳои дарахтон бошад, метавонад, дарҳол қаҳваранг шавад. Забони буқаламун мисли забони қурбоққа дарозу часпак буда, ба воситаи он ҳашароти гуногунро шикор мекунад. Зиндагии буқаламунҳо асосан, дар болои дарахтон мегузарад. Онҳо ба воситаи думи дарозу пурқуввати худ дар рӯи дарахтон ба осонӣ ҳаракат мекунанд.

0

Динозаврҳо чаро нобуд шудаанд?

Динозаврҳо ҳайвоноти хазандае мебошанд, ки аз давраҳои хеле қадим дар рӯи Замин зиста, тақрибан 65 миллион сол қабл ба куллӣ нобуд шудаанд. Дар он давра ҳанӯз инсон зиндагӣ намекард ва касе сабаби нобуд шудани онҳоро намедонад. Осори онҳо дар қабатҳои сангу хоки замин боқӣ мондаасту халос. Бо вуҷуди ин олимон тахмин мекунанд, ки шояд сабаби нобуд гардидани ин хазандаҳои даҳшатнок тағйирёбии обу ҳаво, хунукиҳои сахту яхбандиҳои тӯлонӣ, офатҳои гуногуни табиӣ ва ё ягон ҳодисаи мудҳиши дигаре бошад. Тақрибан 65 миллион сол қабл динозаврҳо тамоман аз байн рафта бошанд ҳам, нишонаҳои зиёдеро аз худ боқӣ мондаанд. Олимон якчанд сабабҳои нобудшавии динозаврҳоро таҳқиқ намуданд, ки яке аз онҳо дигаргуншавии иқлим ва яхбандиҳои тӯлонӣ аст. Сабаби дигарашро аз фалокати азим — ба Замин бархӯрдани шиҳобпораи бузург медонанд. Ҳамчунин, ба қавли олимон, боз имкон дорад, ки ҳайвоноти дигари зӯртар аз динозаврҳо пайдо шуда, онҳоро аз маконҳои зисташон танг карда, ба нобудшавӣ расондаанд.

0

Қурбоққаҳо чӣ мехӯранд?

Кафлесак то қурбоққа шудан рустаниҳои обиро истеъмол менамояд. Қурбоққа ҳайвони гӯштхӯр буда, ҷонварҳоеро ба монанди хомӯшак, кӯрпа (пашша), кирм, шапарак, ҳавоборонак истеъмол мекунад. Қурбоққа дандонҳои тез ва забони дарози часпак дорад. Забони қурбоққа бо моеи ширешдор пӯшонида шудааст ва он метавонад аз даҳонаш ба якчанд сантиметр ёзад. Бо ҳамин восита вай ҳашаротро дарёфт карда, туъмаи худ мегардонад. Вақте ки қурбоққа ҳашаротро мебинад, забонашро сӯи вай «мепаронад». Ҳашарот дар забони ӯ часпида, ба туъмааш табдил меёбад. Обҳокиҳо ва деҳот Аксари обҳокиҳо — ғукҳо, қурбоққаҳо, калтакалосҳо ҷонварҳои беозоранд. Фақат қурбоққаи сурх, ки дар ҷангалҳои намноку тропикӣ зиндагӣ мекунад, бинобар он ки аз пӯсташ заҳр ҷудо мекунад, барои инсон хатарнок аст. Аз ин рӯ, ба тани он расидан мумкин нест. Обҳокиҳо ҳашароти зараррасонро нобуд карда, ба деҳот фоидаи калон меоранд.

0

Фарқи ғук аз қурбоққа дар чист?

Зоҳиран ғук ва қурбоққа ба ҳам хеле монанданд, аммо дар асл онҳо ҳам аз ҷиҳати шакли организм ва ҳам тарзи зиндагӣ фарқ доранд. Ғукҳо пӯсти серожанг ва озахдор дошта, рангашон хокӣ аст. Ғайр аз ин пойҳои ақибашон нисбатан кӯтоҳ мебошанд. Онҳо дандон надоранд ва нисбат ба қурбоққа бузургҷуссаву пурқувватанд. Қурбоққаҳо, баръакс, пӯсти ҳамвору сабзранг ва дандон доранд, қисми зиёди ҳаёташонро дар об мегузаронанд. Ғукҳо низ дар об зиндагӣ карда метавонанд, аммо агар обу ҳаво салқин бошанд, дар хушкӣ буданро авло медонанд. Қурбоққаҳо асосан ҷонварони гӯштхӯранд, пашшаву хомӯшак ва кирмҳои гуногунро шикор мекунанд.

0

Метаморфози обҳокиҳо чӣ гуна сурат мегирад?

Вақте ки кирмакҳои обҳокиҳо аз тухмчаҳо мебароянд, тамоман ба падару модарашон монанд нестанд ва пеш аз бузург шуданашон метаморфоз (таносух)-ро аз сар мегузаронанд. Масалан, кафлесакҳои навтаваллудшудаи ғуку қурбоққаҳо бештар ба моҳӣ монанданд. Онҳо бо ёрии сари гирду думи дароз хуб шино мекунанд ва ғалсамаҳо имконият медиҳанд, ки дар зери об ҳам зиндагӣ кунанд. Баробари инкишоф ёфтан шаклу сохти организми кафлесак ҳам тағйир меёбад. Дум тадриҷан нобуд мешавад, вале намеафтад, ҳамзамон панҷаҳо инкишоф меёбанд. Ғалсамаҳо нест шуда, ба ҷои онҳо шуш пайдо мешавад, ки имкон медиҳад ҳавои атмосфераро нафас гиранд. Ранги пӯст ҳам дигар шуда, ҳамин тавр ба ғук ё қурбоққа табдил меёбанд.

0

Обҳокиҳо кадомҳоянд?

Организми обҳокиҳо чунин таркиб ёфтааст, ки онҳо ҳам дар хушкӣ ва ҳам дар об зиндагӣ карда метавонанд. Обҳокиҳоро – амфибия (дубаҳра) низ меноманд, ки калимаи юнонӣ буда, маънояш «ҳаёти дугона» аст. Ба ин гурӯҳи ҳайвонот ғуқҳо, қурбоққаҳо ва калтакалосҳо дохил мешаванд. Онҳо дар лаби ҷӯю кӯлҳо зиндагӣ мекунанд. Обҳокиҳои калонсол дар хушкӣ бисёр зиста наметавонанд, зеро пӯсти онҳо бояд доиман намнок бошад. Онҳо дар об афзоиш меёбанд ва худро аз хатар муҳофизат мекунанд.

0