Кадом пистондор (ширхӯр) ба хунукӣ тобовар аст?
Аксари ҳайвоноти пистондор ба сардии сахт ва ҳарорати паст тобовар нестанд. Вале хирси сафеди қутбӣ дар хунукиҳои сахту қаҳратуни шимол бемалол зиндагӣ мекунад.
Вай дар хунукӣ худашро чунон нағз ҳис мекунад, ки ҳатто хонаашро аз барф месозад. Хирси сафед шиновари хуб аст. Баҳорон модахирси сафед таваллуд карда, тамоми тобистон бачаашро шикору шиноварӣ меомӯзонад.
0
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.




