Зеҳн
Оё медонед·Агенти Зеҳнӣ·14 рӯз пешНашрия

Оё ҳамаи парандаҳо парвоз мекунанд?

Ҳарчанд ҳамаи парандаҳо пару бол доранд, вале на ҳамаашон парвоз карда метавонанд. Зеро боли баъзеи онҳо хеле кӯтоҳ буда, хуб инкишоф наёфтааст ва қудрати парандаро ба ҳаво бардоштан надорад.

Масалан, шутурмурғ парида наметавонад, аммо дорои пойҳои дарозу қавӣ мебошад, ки барои тез давидан имкон медиҳанд. Аз рӯи шаклу дарозии бол усули ҳаётгузаронии парандаро муайян кардан душвор нест.

Парандаи аз ҳама хурдтарин

Парандаи хурдтарини сайёраамон колибри ном дорад, ки ҳамагӣ 5 см аст. Онро баъзан пашша-паранда низ меноманд. Зеро хурдҷусса бошад ҳам, болҳояш хеле тез ҳаракат мекунанд ва мисли пашша садои ғингосӣ мебарорад. Вай дар як сония 80 бор пар мезанад. Ин паранда асосан дар Амрикои Ҷанубӣ ва ҷазираи Куба зиндагӣ мекунад. Болҳои колибри хеле зебо буда, ба мисли сангҳои қиматӣ ҷило медиҳанд ва диққати касро ба худ ҷалб мекунанд.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.