Ҳайвони тездав кадом аст?
Дарандаи африқоӣ юз (гепард) аз ҷумлаи ҷондорҳои ширхӯрест, ки нисбат ба ҳайвоноти дигар тезтар медавад. Ғайр аз ин вай дар байни ширхӯрон шикорчии моҳир аст, ки туъмааш аз чанголаш халос шуда наметавонад. Юз ба оилаи гурбаҳо дохил мешавад ва шаклан ба гурбаи хонагӣ монанд аст. Ин ҷонварҳо дар биёбону саваннаҳо зиндагӣ мекунанд ва ба шикори навъҳои гуногуни оҳу, харгӯш ва баъзе парандаҳо машғуланд.
Шерҳо ҳайвони даранда буда, асосан дар Африқо ва Осиё зиндагӣ мекунанд, хӯрокашон танҳо гӯшт аст. Шер ҳайвони пурқувват ва хеле чаққон аст. Намуди диққатҷалбкунанда дорад. Қариб тамоми дарандаҳои дигар аз вай меҳаросанд. Шер танҳо аз фил ва баъзан аз ҳашароти хунмак, мисли хомӯшаку мӯрча ва ғайра ҳазар мекунад. Ҳарчанд, шерро ба хунхӯриву бераҳмӣ айбдор мекунанд, вале он, маъмулан, ҳайвони орому ботамкин аст. Туъмаи шер оҳуҳои гуногун, заррофа, говмеш мебошад. Агар дар гирду атроф ин намуди ҳайвонот набошанд, шерҳо бо мушу калтакалосҳо, инчунин ҳайвоноти дигар қаноат мекунанд.
Шутур асосан дар биёбонҳо (Саҳрои Кабири Африқо ва биёбони Ғарбии Осиё) зиндагӣ мекунад. Вай ҳайвонест, ки ба шароити вазнини биёбон мутобиқ шудааст. Шутур ҳайвони тобовар ва пурқувват буда, ба мавсими гармову хушксолӣ бе душворӣ тоқат мекунад. Аз ин рӯ сокинони атрофи биёбонҳо шутурро ҳамчун ҳайвони боркаш ва саворӣ истифода мебаранд. Шутур метавонад бе об якчанд рӯз зиндагӣ кунад. Ӯ обро дар ҷои махсуси меъдааш захира мекунад. Барои ғизо дар пушташ кӯҷоне дорад, ки дар он чарбу захира менамояд ва ҳангоми пайдо накардани ғизо организмаш аз он истифода мебарад. Дар рӯи замин чанд навъи шутур вуҷуд дорад. Шутурҳо асосан яккӯҷона ва дукӯҷона мешаванд. Ба ин оила инчунин лама ном ҳайвон дохил мешавад, ки дар қаторкӯҳҳои Амрикои Ҷанубӣ зиндагӣ мекунад.
Делфинҳо пистондорони обианд. Зеҳни инкишофёфта ва забони махсус доранд. Делфинҳо ду навъи овоз доранд: яке монанди садои хуштак буда, дуюмӣ ба шарфаи пайдарпай монанд аст. Бо овози аввалӣ байни ҳамдигар «робита» мекунанд, бо дуюмӣ муҳити атрофро муоина карда, барои худ туъма меҷӯянд.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.




