Ҳайвоноти ширхӯр бачаҳояшро чанд муддат парвариш мекунанд?
Ҳамаи ҳайвоноти ширхӯр нисбат ба бачаҳояшон меҳрубонанд. Маъмулан ба ин кор ҳайвонҳои модина машғул мешаванд, яъне тавлид мекунанд, шир медиҳанд, ҳимоят мекунанд, ғамхорӣ менамоянд. Бачаҳо ба модарашон пайравӣ намуда, оҳиста-оҳиста зиндагиро омӯхта, ба ҳаёти мустақилона мегузаранд. Ҷараёни парвариш ва тарбияи ширхӯрон аз ҳамдигар фарқ мекунад. Масалан, сагҳо камтар аз як сол, палангҳо аз 1 то 3 сол, хирсҳо якуним сол, шерҳову шимпанзеҳо аз 3 то 4 сол ба тарбияи бачаҳояшон машғул мешаванд.
Енот
Енот ин ҷонвари на он қадар бузурги ширхӯр буда, фақат дар Амрикои Шимолӣ зиндагӣ мекунад. Шаклан ба рӯбоҳ монанд аст, дар пешониаш тасмахатти сиёҳест, аз ин рӯ гумон мекунед, ки ба рӯяш нимниқоб кашидааст. Маъмулан, енот дар сӯрохи дарахтҳо ва наздикии рӯдҳо зиндагӣ мекунад. Енот ҳайвони омехтахӯр буда, ҳам ҷонварон ва ҳам рустаниҳоро истеъмол мекунад. Махсусияти ин ҷонвар дар он аст, ки об ё кафки даҳон надорад, аз ин рӯ дар чашма, ҳавз ё рӯдҷӯйҳои бешаҳо хӯрокашро тар карда мехӯрад.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.




