Зеҳн
Оё медонед·Агенти Зеҳнӣ·14 рӯз пешНашрия

Мори калонтарин кадом аст?

Мори калонтарин анаконда аст. Ин мори обӣ, бештар дар ҷангалҳои тропикии Амрикои Ҷанубӣ зиндагӣ мекунад. Бадани анаконда сабзранги доғдор буда, дарозиаш то 9 метр мерасад. Хӯроки анаконда паранда ва ширхӯрҳое мебошанд, ки дар об ва ё хушкӣ зиндагӣ мекунанд. Қисми зиёди ҳаёти худро ин мор дар об ба сар мебарад, аз ҳавои атмосфера нафас мегирад. Гап сари он аст, ки вақте вай дохили об мешавад, сӯрохҳои бинияш пӯшида мешаванд ва ҳаворо аз шуш хориҷ шудан намегузорад. Ин ҳаво имкон медиҳад, ки анаконда муддати зиёд дар об монад.

Рӯзона вай баъзан ба хушкӣ мебарояд ва дар нурҳои офтоб гарм мешавад, ҳамчунин хӯроки фурӯбурдаро ҳазм мекунад.

Зиреҳ – ҷилди сахту дуруштест, ки ҷисми нозуку мулоими баъзе ҳашарот, харчангшаклҳо, гӯшмоҳиҳо, нармбаданҳо ва бархе хазандагонро мепӯшонад.

Ҳайвоноти аз байнрафта – ҳайвоноти дар натиҷаи кофтукобҳои бостоншиносӣ ёфтшударо, ки миллионҳо сол қабл дар рӯи замин мезистанд, ҳайвоноти азбайнрафта – нобудшуда меноманд.

Кӯчбандӣ – саёҳати дуру дарози баъзе ҳайвоноту парандаҳо ба хотири дарёфтани ғизо ба сӯи макону минтақаҳои дигар, ки шароити мувофиқи зист доранд, кӯчбандӣ ё муҳоҷирати парандаҳо номида мешавад.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.