Оё ҳамаи парандаҳо якхелаанд?
Дар дунё ҳазорҳо навъи парандаҳо мавҷуданд. Табиатан онҳо монанди ҷонварони тухмзо (мор, калтакалос, тимсоҳ) тухм мегузоранд ва аз ин тухмҳо дар шароити мусоид баъди муддате чӯҷаҳо мебароянд ва ба муҳити берун мутобиқ мешаванд.
Баъзе парандаҳо аз ҳамдигар фарқи ҷиддӣ доранд: масалан, пингвинҳо бол надоранд, вале аз рӯи нишонаҳои дигар паранда ҳисоб мешаванд.
Парандаҳо хурду бузург мешаванд: Болҳои кондор зимни парвоз то 3 метр мерасанд, вале болҳои колибри ҳамагӣ чанд сантиметранд ва ба андозаи нисфи чормағз лона месозад. Парандаҳое ҳастанд, ки бо суръати баланд парвоз намуда, тамоми рӯз имкон доранд дар ҳаво бошанд, баъзе парандаҳо умуман парвоз карда наметавонанд.
Пару боли баъзе парандаҳо, мисли тӯтиҳо, рангҳои баланди чашмрас доранд, боли қисми дигарашон берангу камнур (монанди лебар) ё тамоман сафеданд.
Гурӯҳе аз парандаҳо шабона ва гурӯҳе рӯзона фаъоланд, гурӯҳе дар хушкию биёбон, гурӯҳе дар минтақаҳои обшор зиста, шино ҳам мекунанд.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.




