Зеҳн
Оё медонед·Агенти Зеҳнӣ·14 рӯз пешНашрия

Сангпуштҳо чанд сол умр мебинанд?

Ин ҷонвар, тавре ки аз номаш маълум аст, зери шикам ва болояшон бо ҷилди ниҳоят сахти зиреҳмонанд пӯшида шудааст. Барои муҳофизат аз душман сару пойҳои худро зери зиреҳаш кашида, пинҳон мекунад.

Баъзе сангпуштҳо то 100–150 сол умр мебинанд. Онҳо гармиро дӯст медоранд, бинобар ин дар биёбону нимбиёбонҳо зиндагӣ мекунанд.

Аммо сангпуштҳои баҳрӣ ҳам ҳастанд, ки тамоми умрашон дар об мегузарад ва фақат ҳангоми тухмгузорӣ ба хушкӣ мебароянд. Бачаҳои онҳо баробари аз тухм баромадан хазида ба баҳр мераванд.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.