Парандаҳо чӣ гуна чӯҷа мебароранд?
Баъди он ки парандаи мода тухм мегузорад, ҳам нарина ва ҳам модина бо навбат болои тухм нишаста, бо ҳарорати баданашон онҳоро гарм нигоҳ медоранд. Пас аз чанд рӯз аз тухмҳо чӯҷаҳо мебароянд. Чӯҷаҳои баъзе парандаҳо аз тухм бо парҳои инкишофёфта мебароянд. Баъзеи дигарашон урён буда, сипас пату пар мебароранд.
То мустақил шудани чӯҷаҳо падару модар онҳоро хӯронда ва ҳимоят намуда, барои зиндагӣ мутобиқ мекунанд.
0
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.




