Оё ҳайвоноти ба динозаврҳо монанд вуҷуд доранд?
Динозаврҳо бузургҷуссатарин ҳайвоноти рӯи Замин буданд. Вазни баъзе аз онҳо ба 70 тонна мерасид, ки ин баробари вазни 10 фили калонҷусса мебошад. Калонтарин ҳайвони хушкигарди муосир фил аст. Хазандаҳои муосир — аз насли динозаврҳо ба чанд гурӯҳ ҷудо шудаанд. Инҳо тимсоҳҳо, каймонҳо (як навъи тимсоҳи амрикоӣ), калтакалосҳо ва сангпуштҳову морҳоянд. Бузургтарин хазандаи даврони мо тимсоҳи баҳрӣ мебошад, ки вазнаш 500 кг буда, 6 метр дарозӣ дорад. Албатта, онҳо аз рӯи вазну қад ба динозаврҳо баробар шуда наметавонанд.
Калтакалосҳо асосан, ҳайвонҳои хурд қурбоққа ва ҳашаротро истеъмол мекунанд. Баъзан рустаниҳоро низ мехӯранд ва тухми парандаҳоро медузданд.
Қисми зиёди калтакалосҳо дар ҷойҳои гарму хушк, миёни сангҳо зиндагӣ мекунанд. Дандонҳои тез ва ҷоғи қавӣ доранд. Аммо бо вуҷуди ҳамаи ин, ба инсон зарар намерасонанд.
Одамон асосан, аз мор метарсанд, вале на ҳамаи морҳо зарар мерасонанд. Онҳо ҳам дар хушкӣ ва ҳам дар об зиндагӣ мекунанд. Хӯрокашон ҳашароту хазандаҳо каламуш, қурбоққа ва ғайра аст. Аммо баъзе морон, аз қабили мори афъӣ, мори айнакдор ва шақшаққамор хатарнок мебошанд. Дандонҳои онҳо мисли сӯзандору буда, дар вақти газидан аз он ба организми туъма заҳр ворид мешавад ва ӯро мекушад. Морҳо заҳри худро барои муҳофизат кардан низ истифода мебаранд, бинобар он барои инсон низ хатарноканд.
Баъзе морҳо аз қабили питон, мори печон ва анаконда ба ҳайвонҳои калон ҳуҷум карда, ба бадани онҳо печида, буғӣ карда, мекушанд.
Буқаламун ҳам як навъи калтакалос мебошад. Хусусияти аҷоиби он иваз намудани рангаш аст. Маъмулан, ранги буқаламун сабз аст, вале агар хатаре таҳдид кунад ва дар появу шохҳои дарахтон бошад, метавонад, дарҳол қаҳваранг шавад.
Забони буқаламун мисли забони қурбоққа дарозу часпак буда, ба воситаи он ҳашароти гуногунро шикор мекунад. Зиндагии буқаламунҳо асосан, дар болои дарахтон мегузарад. Онҳо ба воситаи думи дарозу пурқуввати худ дар рӯи дарахтон ба осонӣ ҳаракат мекунанд.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.




