Қурбоққаҳо чӣ мехӯранд?
Кафлесак то қурбоққа шудан рустаниҳои обиро истеъмол менамояд. Қурбоққа ҳайвони гӯштхӯр буда, ҷонварҳоеро ба монанди хомӯшак, кӯрпа (пашша), кирм, шапарак, ҳавоборонак истеъмол мекунад.
Қурбоққа дандонҳои тез ва забони дарози часпак дорад. Забони қурбоққа бо моеи ширешдор пӯшонида шудааст ва он метавонад аз даҳонаш ба якчанд сантиметр ёзад. Бо ҳамин восита вай ҳашаротро дарёфт карда, туъмаи худ мегардонад.
Вақте ки қурбоққа ҳашаротро мебинад, забонашро сӯи вай «мепаронад». Ҳашарот дар забони ӯ часпида, ба туъмааш табдил меёбад.
Обҳокиҳо ва деҳот
Аксари обҳокиҳо — ғукҳо, қурбоққаҳо, калтакалосҳо ҷонварҳои беозоранд. Фақат қурбоққаи сурх, ки дар ҷангалҳои намноку тропикӣ зиндагӣ мекунад, бинобар он ки аз пӯсташ заҳр ҷудо мекунад, барои инсон хатарнок аст. Аз ин рӯ, ба тани он расидан мумкин нест.
Обҳокиҳо ҳашароти зараррасонро нобуд карда, ба деҳот фоидаи калон меоранд.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.




