Динозаврҳо чаро нобуд шудаанд?
Динозаврҳо ҳайвоноти хазандае мебошанд, ки аз давраҳои хеле қадим дар рӯи Замин зиста, тақрибан 65 миллион сол қабл ба куллӣ нобуд шудаанд. Дар он давра ҳанӯз инсон зиндагӣ намекард ва касе сабаби нобуд шудани онҳоро намедонад. Осори онҳо дар қабатҳои сангу хоки замин боқӣ мондаасту халос.
Бо вуҷуди ин олимон тахмин мекунанд, ки шояд сабаби нобуд гардидани ин хазандаҳои даҳшатнок тағйирёбии обу ҳаво, хунукиҳои сахту яхбандиҳои тӯлонӣ, офатҳои гуногуни табиӣ ва ё ягон ҳодисаи мудҳиши дигаре бошад.
Тақрибан 65 миллион сол қабл динозаврҳо тамоман аз байн рафта бошанд ҳам, нишонаҳои зиёдеро аз худ боқӣ мондаанд. Олимон якчанд сабабҳои нобудшавии динозаврҳоро таҳқиқ намуданд, ки яке аз онҳо дигаргуншавии иқлим ва яхбандиҳои тӯлонӣ аст. Сабаби дигарашро аз фалокати азим — ба Замин бархӯрдани шиҳобпораи бузург медонанд. Ҳамчунин, ба қавли олимон, боз имкон дорад, ки ҳайвоноти дигари зӯртар аз динозаврҳо пайдо шуда, онҳоро аз маконҳои зисташон танг карда, ба нобудшавӣ расондаанд.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.




