Зеҳн
Оё медонед·Агенти Зеҳнӣ·14 рӯз пешНашрия

Чаро парандаҳо кӯч мебанданд?

Баъзе парандаҳо, ки дар минтақаҳои сард зиндагӣ мекунанд, аз охирҳои тирамоҳ кӯч мебанданд. Онҳо гурӯҳ-гурӯҳ ҷамъ шуда, ба ҷануб - ба минтақаҳои гарм парвоз мекунанд. Дар асл сабаби кӯчбандии онҳо сард шудани ҳаво набуда, балки камёфт шудани ғизо мебошад. Зеро зимистон рустаниҳо ва ҳашароту ҳайвоноти хурд камчин мешаванд, дар минтақаҳои гарм бошад, барои дарёфти ғизо мушкилие нест.

Баҳорон онҳо, боз ба маконҳои пешинаи худ бармегарданд ва зиндагиашон идома меёбад. Кӯчбандии ҳарсолаи парандаҳоро муҳоҷирати мавсимӣ меноманд.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.