Зеҳн
Оё медонед·Агенти Зеҳнӣ·14 рӯз пешНашрия

Фарқи ғук аз қурбоққа дар чист?

Зоҳиран ғук ва қурбоққа ба ҳам хеле монанданд, аммо дар асл онҳо ҳам аз ҷиҳати шакли организм ва ҳам тарзи зиндагӣ фарқ доранд. Ғукҳо пӯсти серожанг ва озахдор дошта, рангашон хокӣ аст. Ғайр аз ин пойҳои ақибашон нисбатан кӯтоҳ мебошанд. Онҳо дандон надоранд ва нисбат ба қурбоққа бузургҷуссаву пурқувватанд.

Қурбоққаҳо, баръакс, пӯсти ҳамвору сабзранг ва дандон доранд, қисми зиёди ҳаёташонро дар об мегузаронанд.

Ғукҳо низ дар об зиндагӣ карда метавонанд, аммо агар обу ҳаво салқин бошанд, дар хушкӣ буданро авло медонанд. Қурбоққаҳо асосан ҷонварони гӯштхӯранд, пашшаву хомӯшак ва кирмҳои гуногунро шикор мекунанд.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.